Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Қазоқистону Афғонистон роҳро боз карданд, Тоҷикистон мунтазири Русия аст

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Қазоқистону Афғонистон аз сар гирифтааст. Мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март гуфтанд, ин парвозҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато дар ҳафтае як бор дар назар аст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, дар як ҷаласа дар Душанбе гуфтааст, "беҳбуди вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар" ба ин кор сабаб шуд. Дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои "Сомон Эйр"-у "Эйр Остона", "Кам Эйр" ва "Белавиа" ҳузур доштаанд.

Субҳонзода гуфтааст, "муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда... пайдарпай парвозҳои байналмилалӣ барқарор карда мешаванд."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани мавридҳои сирояти коронавирус хабар медиҳад, ҳарчанд шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 2-юми март навишт, мақомот, инчунин, афзоиши парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе – Минск - Душанбе баррасӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ хостаанд, ба болоравии “беасоси нархи билети ҳавопаймо” роҳ надиҳанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон пайваста аз нархи гарони билети ширкатҳои дохилӣ ва хадамоти номуносиби онҳо шикоят доранд.

Парвози доимии ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону кишварҳои дигар аз моҳи марти соли гузашта ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир қатъ шудааст.

Ҳоло Тоҷикистон бо Туркия низ парвозҳои мунтазамро ба роҳ мондааст, вале ончи бахши аъзами сокинон мунтазиранд, аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аст. Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кору зиндагӣ аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд, вале имсол бо сабаби баста будани марзҳо қисми зиёди онҳо дар кишвар бекору даромад монданд.

Ҳар рӯз чандин нафар бо Радиои Озодӣ низ дар тамос шуда, мепурсанд, ки марзҳои Русия ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон кай боз хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз тобистони соли гузашта барои оғози парвозҳои доимӣ бо Русия ризоят доданд, аммо ҳанӯз аз Маскав посухе нашуниданд.

Дар нишастҳои матбуотии моҳи феврал мақомоти Вазорати меҳнату муҳоҷират ва Вазорати тандурустӣ гуфтанд, Русия ба зудӣ як гуруҳи мутахассисонро барои ошноӣ бо вазъи вобаста ба бемории ҳамагир ба Тоҷикистон мефиристад ва сипас тасмим мегирад.

Ҳанӯз маълум нест, ин гуруҳ кай ба Тоҷикистон меояд. Ҳоло миёни Тоҷикистону Русия парвози чартерии ҳавопаймоҳо сурат мегирад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 аз Тайланд шикаст хӯрд

Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар нимфинали мусобиқот маҳрум шуд.

Бар асоси дастури қарамонии футзали Осиё дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, ба чорякфинали мусобиқот роҳ ёфтанд.

Бозии мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “В” мақоми дувумро касб карда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт, бо тими миллии Тайланд - ғолиби гурӯҳи «А» - шоми имрӯз, 4-уми октябр, дар пойтахти Кувайт – шаҳри Ал-Кувайт, дар маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ», баргузор шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Тайланд хотима ёфт. Тайландиҳо дар дақиқаи аввали бозӣ ба задани гол даст ёфтанд.

Нимаи дувуми дидор хеле пуршиддат гузашт. Ба бозигари мунтахаби Тоҷикистон Иқбол Воситзода дар дақиқаи 27-ум муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Баъди шаш дақиқа Идрис Ёров голи дувуми дастаи Тоҷикистонро ба самар расонд. Вале пас аз як дақиқа тайландиҳо ҳисобро баробар карданд – 2:2. Голи севум ва ҳалкунандаи мунтахаби Тайланд дар дақиқаи охирини дидор зада шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тайланд, ки бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, ба нимфинал баромад. Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувум дар таърихи худ ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт, ба мисли соли 2007 дар Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ ноком шуд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар байни ҳашт дастаи зӯртарини Осиё қарор гирифт.

Дар бозии аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Ҷопон – ғолиби гурӯҳи “D” тими Индонезия – дастаи ҷойи дувуми гурӯҳи “С”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Инчунин дар бозии дувуми даври чорякниҳоӣ тими миллии Эрон – ғолиби гурӯҳи “С” мунтахаби Ветнам – дастаи ҷойи дувуми гурӯҳи “D”-ро бо ҳисоби бузурги 8:1 шикаст дод.

Бозии охирини даври чорякниҳоӣ миёни мунтахаби Узбекистон - ғолиби гурӯҳи “В” ва мунтахаби Кувайт, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро гирифт, шаби сешанбеи 4-уми октябр соати 22:00 оғоз меёбад.

Ба ин тартиб, то ҳоло се дастаи иштироккунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2022 маълум шуданд: Ҷопон, Эрон ва Тайланд.

Дар нимфинал, ки рӯзи панҷшанбе, 6-уми октябр, баргузор мешавад, мунтахаби Ҷопон бо ғолиби бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои Узбекистон – Кувайт ва мунтахаби Тайланд бо Эрон рақобат хоҳанд кард.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Чорякфинал

4 октябр (сешанбе)

Тайланд – Тоҷикистон – 3:2

Ҷопон – Индонезия – 3:2

Эрон – Ветнам – 8:1

22:00 Узбекистон – Кувайт

6 октябр (панҷшанбе)

Нимфинал

19:00 Ҷопон – ғолиби бозии Узбекистон - Кувайт

22:00 Тайланд - Эрон

8 октябр (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Оғози бозӣ – соати 19:00

ФИНАЛ

Оғози бозӣ – соати 22:00

Туркманистон узви Созмони кишварҳои туркзабон мешавад

Туркманистон дар нишасти нахустини раҳбарони Созмони кишварҳои туркзабон, ки 11-уми ноябри имсол дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад, узви комилҳуқуқи ин созмон хоҳад шуд.

Дар ин бора Хабаргузории “Анадолу” бо истинод ба вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу иттилоъ додааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон тасдиқ карданд, ки нахустин мулоқоти раҳбарони СКТ 11-уми ноябри имсол дар Самарқанд хоҳад гузашт.

СКТ моҳи октябри соли 2009 нахуст ҳамчун Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон таъсис ёфта, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви он буданд.

Узбекистон дертар, соли 2018, омодагии худро барои шомил шудан ба шӯро баён карда, соли 2019 дар нишасти Боку узви он шуд.

Шӯро 12-уми ноябри соли 2021 дар нишасти Истанбул ба Созмони кишварҳои туркзабон табдили ном кард.

Хоманаӣ хориҷиёнро ба ташкили тазоҳурот дар Эрон муттаҳам кард

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, хориҷиёнро ба барангехтани тазоҳуроте муттаҳам кард, ки саросари ин кишварро фаро гирифтааст.

Тазоҳурот дар Эрон моҳи гузашта ва баъди он сар зад, ки маъмурони пулиси ахлоқ Маҳсо Аминии 22-соларо барои, ба гуфтаи онҳо, бадҳиҷобӣ дастгир карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 3-юми октябр гуфт, ки тазоҳурот барномарезишуда ва кори дасти Амрикову Исроил ва ба қавли ӯ, “хоинони эронӣ” дар хориҷ аст.

Ӯ ҳалокати Маҳсо Аминиро дар боздошт “ҳодисаи талхе” номид ва гуфт, ки дилаш барои ӯ сӯхтааст.

Мақомот гуфтанд, ки Маҳсо Аминӣ бар асари сактаи қалб фавтид, аммо хешовандонаш мегӯянд, ки ӯ комилан сиҳат буд ва шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки маъмурони пулис ӯро латукӯб карданд.

Марги Аминӣ дар рӯзи 16-уми сентябр хашми мардуми Эрон ва тазоҳуроти густурдаеро дар саросари кишвар барангехт. Дар натиҷаи саркӯби тазоҳурот то кунун даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Як муассисаи СММ гуфт, орду равған дар Тоҷикистон арзон шудааст

Акс аз бойгонӣ

Бино ба арзёбии як муассисаи Созмони Милал, нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба як ҳафта пеш ва моҳи гузашта аз 2 то 5 дар сад поин омадааст.

Сабаби арзонтар шудани он, ба гуфтаи Барномаи Озуқавории Созмони Милал, воридоти бештари орд ва ҷамъоварии ҳосили имсолаи гандум аст.

Масалан, арзиши як халта орд, ки қаблан 370 сомонӣ буд, дар баъзе аз бозорҳо то ба 320 сомонӣ расидааст.

Панҷ литр равғани рустание, ки бо номи “Олейна” дар Тоҷикистон зиёд харидор дорад, аз 160 сомонӣ то ба 100 сомонӣ поин омадааст.

Арзёбии мазкур рӯзи 3-юми октябр нашр шуд ва дар он қимати маводи ғизоӣ дар 8 бозори Тоҷикистонро таҳқиқ кардаанд.

Сафари беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Русия ба Қазоқистон

Қазоқистон

Вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Ахмеджанов 4 октябр хабар дод, ки аз 21-уми сентябри имсол то ҳол ҳудуди 200 ҳазор шаҳрванди Русия вориди кишвари онҳо шудааст.

ВУД Қазоқистон 1-уми октябр гуфта буд, "аз 21 то 28-уми сентябр вуруди зиёди муҳоҷирон аз Русия ба ин кишвар сабт шудааст", ки назар ба ҳолати муқаррарӣ 2-3 маротиба бештар аст”. Тибқи иттилои вазорат, аз 21 то 27-уми сентябр 98 ҳазор нафар аз Русия вориди Қазоқистон шуда, 64 ҳазор кас ин кишварро тарк кардааст.

Манбаъ афзуда, ки вуруди шаҳрвандони Русия асосан ба вилоятҳои ҳаммарзи Қазоқистон бо он кишвар, аз ҷумла Қазоқистони Ғарбӣ, Оқтеппа, Костанай, Павлодар, Қазоқистони Шимолӣ, Қазоқистони Шарқӣ, Атирау ва Остонаву Алмато мушоҳида мешавад.

Пештар расонаҳо бо истинод ба мақомоти Қазоқистон хабар дода буданд, ки аз 21-уми сентябр то 2-юми октябри имсол беш аз 54 ҳазор шаҳрванди Русия тавассути гузаргоҳи марзии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ворид шудааст ва 42 ҳазори онҳо мардони аз 18 то 52-сола ҳастанд.

Илон Маск ҳалли низои Украина ва Русияро пешниҳод кард

Илон Маск

Соҳибкор ва миллиардери амрикоӣ Илон Маск назари худро дар пайванд ба қатъи даргириҳо ва ҳалли буҳрон дар Украина баён доштааст.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер чаҳор шарти заруриро барои расидан ба сулҳ миёни Украина ва Русия баён кардааст.

Ба гуфтаи Маск, нахуст бояд дар заминҳои ишғолшудаи Украина раъйпурсии нави шаффоф зери назорати СММ баргузор карда шавад ва дар сурати ҷонибдории сокинони минтақаҳо аз Киев нерӯҳои Русия он ҷойҳоро тарк кунанд.

Вай афзуда, ки нимҷазираи ишғолшудаи Қрим бояд дар ҳайати Русия монда, ба он кафолати таъмини об дода шавад ва ҳамчунин Украина бетарафиро ихтиёр кунад.

Ба назари Маск, ҷанги Украина дар ниҳоят бо ҳамин шартҳо хоҳад анҷомид, вале он замон баҳое, ки ҷонибҳои даргир мепардозанд, фарқ хоҳад кард.

Ӯ афзуда, ки натиҷаи алтернативии ҷанги Украина метавонад ҷанги ҳастаӣ бошад.

Дар Қирғизистон қонуни басеҷ ва додани аслиҳа ба сокинони наздимарзӣ баҳс шуд

Акс аз бойгонӣ

Аъзои Кумитаи умури байнулмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, “дар ҳолатҳои фавқулода” ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад.

Вакили порлумон Марлен Маматалиев гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи ташаббусҳои вакилон баъди низоъ дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон, дар як санад гирдоварӣ шавад.

Ба гуфтаи вай, ҳоло пешниҳод аст, ки ба 4 қонун - "Дар бораи омодагии басеҷ ва басеҷи низомӣ дар Қирғизистон", "Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмии ҳарбии шаҳрвандони Қирғизистон", "Дар бораи аслиҳа" ва "Дар бораи масъулони марз" тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

"Баъд аз ҳодисаҳои Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардем. Онҳо мехоҳанд, ки имкони ихтиёран басеҷ шуданро дошта бошанд. Онҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба шикор машғуланд, омодагии низомӣ доранд. Ҳамчунин мо мехоҳем, ба қонунҳо тағйирот ворид кунем ва ба ин тартиб, дар ҳолатҳои алоҳида ба касоне ҳам силоҳ дода шавад, ки таҷрибаи низомӣ надоранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки якбора ба ҳама силоҳ диҳанд, тарбит ва раванди онро бояд вазорати корҳои дохилӣ танзим кунад,” - гуфт вакил.

Пас аз баҳсу баррасӣ ин тарҳи қонун дар кумитаи мазкури порлумони Қирғизистон қабул шудааст.

Равобити Душанбе ва Бишкек дар бештар аз як соли охир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад.

Аз ҷумла, дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.

Дар эътирозҳои Эрон на камтар аз 133 кас кушта шудааст

Дар эътирозҳои давомдори Эрон дасти кам 133 кас кушта шудааст. Бештар аз 40 тани онҳо дар шаҳри Зоҳидон кушта шудаанд. Пулиси Зоҳидон сӯи эътирозгароне оташ кушод, ки баъди "таҷовузи духтари 15-сола аз сӯи сардори пулис" ба кӯча баромада буданд.

Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи Iran Human Rights хабар медиҳад.

Бино ба хабари Би-би-сӣ, Баҳора Ҳидоят, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсонро рӯзи 3-юми октябр дар Эрон боздошт кардаанд. Ӯ зиндонии пешини сиёсист. То кунун чанд дафъа дастгир ва ҳабс шудааст.

Рӯзи 2-юми октябр фаъоли собиқи донишҷӯён, Ҳусейн Маъсумӣ, низ дастгир шуд. Аъзои оилааш гуфтанд, ҷойи нигаҳдории ӯро намедонанд.

Дар Эрон 17 рӯз боз эътирози мардум идома дорад. Мақомот низ дар ин муддат боздошту ҳабси фаъолонро бештар кардаанд.

Маъмурияти Донишгоҳи Шариф, яке аз муассисаҳои бонуфузи Эрон ва макони дигарандешӣ, субҳи 3-юми октябр, баъди муноқишаи миёни донишомӯзону нерӯҳои амниятӣ дарсро таътил карданд.

Эътирозҳо дар Эрон пас аз марги марги духтари ҷавоне ба дасти пулис сар шуд. Маҳсо Аминии 22-сола ба гумони “бадҳиҷобӣ” дар Теҳрон боздошт шуд ва дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфту ҷон дод.

Боздошти як корманди пулиси Узбекистон баъди таҳқири модарони узбекистониҳо

Аббос Сулаймонов, як корманди пешини пулиси Узбекистон рӯзи 2-юми октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Вай дар "Майдаавбошӣ" айбдор мешавад.

Пештар аз ин садои гуфтугӯи Сулаймонов бо зане дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он Сулаймонов "модарони ҳамаи узбекистониҳо, аз ҷумла модарони сокинони Оққурғон"-и он кишварро дашном медиҳад.

Баъди нашри ин садо ҳудуди 50 тан аз сокинони ноҳияи Оққурғони ноҳия Узбекистон ба идораи пулис омада, муҷозоти Сулаймоновро талаб карданд.

Мақомоти пулиси Узбекистон хабар доданд, ки Аббос Сулаймонов, соли таваллудаш 1992 "ба далели рафтори ношоиста аз сафи пулис ронда шудааст".

Баъди боздошт аз сӯи пулис, Сулаймонов дар наворе аз шаҳрвандони Узбекистон узрхоҳӣ кард.

Як сокини Бишкек барои навиштае дар "Твиттер" зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сокини маҳаллӣ В.Е.-ро барои нашри матлабе дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" як сол зиндонӣ кардааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳ хабар додааст, ки маҳкумшуда моҳи апрели имсол дар ҳолати мастӣ навиштаеро нашр кардааст, ки дар он "мардуми қирғиз" таҳқир мешаванд.

Зани гумонбар дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор карда, аз додрас дархост кардааст, ки ӯро аз озодӣ маҳрум накунад. Вале додрас сарфи назар аз изҳори пушаймонии айбдоршаванда вайро аз озодӣ маҳрум кардааст. Зеро ба иддаои додрас, навиштаи зан ба ангехтани низои байни миллатҳо метавонад сабаб шавад.

Масъулони додгоҳ дар ин бора аз ин бештар иттилоъ надоданд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба муҳоҷирон муроҷиат кардааст

Сафорати Русия дар Тоҷикистон

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар муроҷиат ба хориҷиён, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостааст, ба овозаҳо дар бораи даъвати онҳо ба артиши Русия бовар накунанд.

Сафорат рӯзи 2-уми октябр бо нашри баёнияе дар вебсайти расмиаш гуфт, ҳадафи овозаҳо дар ин бора бад кардани муносибатҳои Русия бо дигар кишварҳо аст.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳафтаи гузашта қарореро имзо кард, ки бар асоси он хориҷиёне, ки ба артиши Русия мепайванданд, метавонанд, зудтар ва осонтар шаҳрванди Русия шаванд.

Мунтақидон мегӯянд, Русия дар ҷанге, ки 24-уми феврали имсол алайҳи Украина шуруъ кард, сарбози зиёдашро аз даст дод ва ҳоло мехоҳад, бо ҷалби хориҷиҳо сафи нерӯҳояшро пурра кунад.

Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ноҳияи наздик ба Тоҷикистонро аз Толибон гирифтааст

Гӯшае аз Дарвози Бадахшони Афғонистон

Сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хабар дод, ки як ноҳияи Афғонистонро дар наздикии марз бо Тоҷикистон аз афроди Толибон озод кардаанд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ рӯзи 3-юми октябр дар Твиттер навишт, "шаҳристони Шикайи вилояти Бадахшон фатҳ шуд. Вулусвол ва даҳ тани дигар аз муздурони Толибони ишғолгар ба асорати нерӯҳои Ҷабҳа даромаданд."

Мақомоти Толибон ҳанӯз вокунише накардаанд, вале дар охири моҳи сентябри имсол даргириро бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Бадахшони Афғонистон тасдиқ карда буданд.

Ду сокини ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон низ рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҷабҳаи муқовимат ноҳияи Шикайро аз Толибон пас гирифтааст.

"Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат чанд сарбози Толибонро асир гирифта, чанде дигарро захмӣ карданд. Воқеа асри рӯзи душанбе рӯй дод. Даргирӣ то ҳанӯз идома дорад," – нақл кард яке аз онҳо.

Пас аз ҳокимияти дубораи Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, ҳар гоҳе даргирӣ миёни онҳо ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рух медиҳад.

Ин ҷабҳа имсол Толибонро ба маҳкамаи саҳроӣ, шиканҷа, куштани мақомҳои низоми пешин ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард, аммо Забеҳулоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ин иддаоро рад кард.

Полунин: Вазорати корҳои хориҷи Русия ба Узбекистон "таъзим" кард

Сергей Полунин

Раққос Сергей Полунин Вазорати корҳои хориҷии Русияро бо он айбдор кард, ки ба вай иҷозаи баргузории консертро дар Майдони сурхи Маскав надод.

Як рӯз пеш аз консерти ваъдагӣ дар 30-юми сентябр Полунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ибтидо ӯро ба ин чорабинӣ даъват, аммо дертар бидуни тавзеҳ ҳунарнамоияшро ӯро бекор кардаанд.

Полунин ҳамчунин навишт, бино ба иттилои вай, ба ҳунарнамоияш Вазорати корҳои хориҷии Русия бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон монеъ шудааст. Полунин илова кард, ки Русия дар назди Узбекистон "таъзим" кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Полунинро пештар дар Узбекистон, барои рақс дар суруди бахшида ба сарбозони рус, "дағалона" танбеҳ доданд.

Ҳунарманд мегӯяд, созмондиҳандагони чорабинӣ ба сӯи ӯ дод зада, хомӯш кардани мусиқиеро талаб карданд, ки дар он мерақсид. Ҳамчунин намояндагони Сандуқи рушди фарҳанг ва ҳунари Узбекистон гуё бо ӯ дағалона рафтор карда, аз пардохти музд худдорӣ кардаанд. Полунин аз сафорати Русия хоҳиш кард, ки ӯро ҳимоя кунад.

Мақомоти узбек дар вокуниш ба иддаои ҳунарманди рус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфтанд, Полунин барои берун рафтан аз шартҳои қарордод ҳушдор дода шудааст.

Хабаргузории "Рейтер" навишт, ки Полунин дар суруди "Биёед, бархезем" рақсидааст. Ин тарона ба артиши Русия бахшида шуда, бори аввал рӯзи 23-юми феврал, яъне як рӯз пеш аз ҳамла ба Украина иҷро шуда буд.

Сергей Полунин рӯзҳои 25-26-уми сентябр дар Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон консерт баргузор кард.

Вакили мудофеъ хостааст, Абдуллоҳ Ғурбатиро озод кунанд. ВИДЕО

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе эълони ҳукми журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки бояд рӯзи 3-юми октябр содир мекард, ба таъхир гузошт. Мақомот хабарнигорро ба зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса ва узвият дар созмони ифротӣ айбдор мекунанд, вале худи ӯ гумонҳоро беасос медонад.

Мурофиаи рӯзноманигор дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ва паси дарҳои баста сурат гирифт.

Ба иттилои Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқ, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 3-юми октябр аз додрас хостааст, ӯро "сафед" ва аз толори додгоҳ озод кунад. Додситон рӯзи 29-уми сентябр ба ӯ 8 сол зиндон талаб карда буд.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуд. Дар мурофиаи аввал се корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоҳидӣ доданд.

Маъмурони милиса даъво доранд, ки Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дар бинои ШКД-и Шоҳмансур ба онҳо ҳамла ва таҳқир кардааст. Аммо ба гуфтаи ширкатдорони мурофиа, Ғурбатӣ даъвои кормандони милисаро беасос гуфтааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ва баъзе рӯзноманигорону фаъолни шабкаҳои иҷтимоӣ боздошти ӯ ва шаш хабарнигору блогери дигари тоҷикро дар бештар аз чаҳор моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд. Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надодааст.

Аз анборҳои Русия 1,5 миллион ҷуфт либоси низомӣ гум шудааст

Муовини пешини фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи низомии ҷанубӣ ва вакили Думаи давлатии Русия Андрей Гурулёв хабар дод, ки якуним миллион ҷуфт либоси низомӣ аз анборҳои он кишвар гум шудааст.

"Ҳамаи инҳо дар анборҳо буданд, вале куҷо шудаанд, номаълум аст. Ҳеч кас наметавонад, қазияро шарҳ диҳад", - иқтибос овардааст тарҳи "Кавказ.Реалии" аз суханони вакили рус.

Вазорати дифои Русия 24-уми сентябр хабар дод, ки муовини ҳамакнун собиқи раҳбари ин ниҳод генерал Дмитрий Булгаков ба кори дигар гузашт.

Мақомот нагуфтанд, Булгаков, ки масъули таъминоти моддию техникии нерӯҳои мусаллаҳи Русия буд, ба кадом кор гузаштааст. Ӯ аз соли 2008 инҷониб дар ин мақом ифои вазифа мекард.

Як сокини Бишкек барои навиштааш дар "Твиттер" зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сокини маҳаллӣ В.Е.-ро барои нашри матлабе дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" як сол зиндонӣ кардааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳ хабар додааст, ки маҳкумшуда моҳи апрели имсол дар ҳолати мастӣ навиштаеро нашр кардааст, ки дар он "мардуми қирғиз" таҳқир мешаванд.

Зани гумонбар дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор карда, аз додрас хостааст, ӯро аз озодӣ маҳрум накунад, вале додрас напазируфта.

Додрас гуфтааст, навиштаи зан метавонад, ба ангехтани низои байни миллатҳо сабаб шавад. Масъулони додгоҳ дар ин бора аз ин бештар иттилоъ надоданд.

Пешбарии номзадҳо ба мақоми президент дар Қазоқистон

Майрам Кажикен

Номзадии Майрам Кажикен, раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байнулмилалии илмии Остона, аз тарафи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи “Амонат” ба мақоми президент дар Қазоқистон пешбарӣ шудааст.

Ба иттилои хабаргузории КазТАГ, тасмими пешбарии номзадии Кажикен дар анҷумани якҷояи кумитаҳои иттифоқҳои касаба гирифта шудааст. Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон дар бораи сабтиноми номзадии Кажикен то ҳол хабар надодааст.

Қаблан Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф меномад, дар анҷумани рӯзи 1-уми октябр дар шаҳри Остонаи он кишвар Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад кард.

Пештар аз вай Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Дайрабоев ҳам нафақахӯр ва барои ҷомеаи Қазоқистон ношинос аст.

Қосимҷомарт Тоқаеви 69-сола, президенти амалкунандаи Қазоқистон, низ гуфт, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад хоҳад шуд. Эҳтимол номзадии ӯро ҳизби ҳокими "Амонат" пешбарӣ кунад. Ин ҳизб рӯзи 6-уми октябр анҷуман дорад.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Баҳора Ҳидоятро дар Эрон дастгир кардаанд

Баҳора Ҳидоят

Бино ба хабари Би-би-сӣ, Баҳора Ҳидоят, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсонро рӯзи 3-юми октябр дар Эрон боздошт кардаанд. Ӯ собиқ зиндонии сиёсист. То кунун чанд дафъа дастгир ва ҳабс шудааст.

Рӯзи 2-юми октябр фаъоли собиқи донишҷӯён, Ҳусейн Маъсумӣ, низ дастгир шуд. Аъзои оилааш гуфтанд, ҷойи нигаҳдории ӯро намедонанд.

Дар Эрон 16 рӯз боз эътирози сокинон идома дорад. Мақомот низ дар ин муддат боздошту ҳабси фаъолонро бештар кардаанд.

Маъмурияти Донишгоҳи Шариф, яке аз муассисаҳои бонуфузи Эрон ва макони дигарандешӣ, субҳи 3-юми октябр, баъди муноқишаи миёни донишомӯзону нерӯҳои амниятӣ дарсро таътил карданд.

Эътирозҳо дар Эрон пас аз марги марги духтари ҷавоне ба дасти пулис сар шуд. Маҳсо Аминии 22-сола ба гумони “бадҳиҷобӣ” дар Теҳрон боздошт шуд ва дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфту ҷон дод.

Қирғизистон 160 хонаи зарардидаро дар марз бо Тоҷикистон вайрон кардааст

Як хонаи тахрибшуда дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар додааст, ки дар вилояти Бодканди ин кишвар барқарорсозии хонаҳои осебдидаи сокинон дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи низои ахири марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон дар он кишвар ҷамъан 640 хона осеб дидааст, ки 423 манзилро барқарор кардан номумкин аст. Дар ҳоли ҳозир 160 хонаи осебдида тахриб карда шудааст.

Вазорат афзуда, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон ҳамчунин 11 бинои маъмурӣ, 27 иншооти иҷтимоӣ, 335 иншооти ёрирасон, 1 пули мошингард, 197 иншооти кишоварзӣ ва 61 мошин осеб дидааст.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Талаби як созмони ҳомии ҳуқуқ аз Тоҷикистону Қирғизистон

То 16-уми сентябр дар ин мактаби деҳаи Сомониёни Исфара 350 нафар мехонд

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), як созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, мактабу кӯдакистонҳои дар муноқиша осебдидаро таъмиру барқарор кунанд.

Созмони мазкур, ки дар Ню-Йорк қароргоҳ дорад, рӯзи 3-юми октябр бо нашри баёнияе ҳамчунин хост, дигар нагузоранд, ки дар ҷараёни муноқишаҳо дигар кӯдакону таҳсили онҳо осеб бинад.

Дар ҷараёни низоъ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи гузашта даҳҳо хонаву мактаб осеб диданд ва ё пурра вайрон шуданд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ба сабаби муноқиша дар вилояти Бодканд 26 мактабу кӯдакистонро бастанд, ҳарчанд таҳсил дар баъзеи онҳо аз сар гирифта шуд.

Дар ноҳияи Исфара дар Тоҷикистон як мактаб барои 350 хонанда комилан аз байн рафт ва муаллими 51-сола ва чанд муҳассили мактаб кушта шуданд.

Наворро дар инҷо бинед:

Муаллимон куштаву захмӣ ва мактаби деҳаи Сомониён ба коми оташ рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, Эъломияи Мактабҳои Амнро имзо кунанд. Ин эъломия ҳукуматҳоро вазифадор мекунад, ки ҳангоми муноқишаҳо мактабҳоро муҳофизат намоянд ва онҳоро ҳадаф нагиранд ва ё барои ҳадафҳои низомӣ истифода набаранд.

Тоҷикистону Қирғизистон то кунун ба ин аҳдномаи байнулмилалӣ напайвастаанд.

Арманистон Озарбойҷонро ба эъдом ва шиканҷаи асирон айбдор кард

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон Озарбойҷонро дар эъдому шиканҷаи асирони низомӣ ва таҳқири ҷасади кушташудаҳо айбдор кард.

"Чанд наворе, ки корбарони озарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ҷиноятҳои ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷонро нишон медиҳанд", - иқтибос овардааст бахши арманистонии Радиои Озодӣ аз изҳороти вазорат.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Арманистон Кристина Григорян ҳам 2-юми октябр изҳор дошт, ки коршиносон воқеӣ будани видеои эъдоми ғайриқонунии 7-8 сарбози арманиро, ки дар ҷараёни задухӯрдҳо бо Озарбойҷон асир афтода буданд, тасдиқ карданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки макон ва замони содир шудани ҷиноят муайян шуда, ҳодиса рӯзи 13 сентябри имсол рух додааст.

Бино ба иттилои бахши озарии Радиои Озодӣ, Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон иддаои Арманистонро бепоя хондааст. Боку дар посух Ереванро дар содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ айбдор кардааст.

Вазири боздоштшудаи Қирғизистон $37,5 ҳазори "пора"-ро баргардонидааст

Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти парвандаи вазири маориф ва илми он кишвар Алмосбек Бейшеналиевро шарҳ доданд. Вазир бо гумони порагирӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шудааст. Рӯзи 30-юми сентябр вай бо қарори додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ба иттилои тафтишот, Бейшеналиев барои шомил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои Қирғизистон пора гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии он кишвар гуфт, вазир қисми аввали пораро рӯзи 28 август дарёфт кардааст. Бори дувум рӯзи 28 сентябр вай 10 ҳазор доллар пора гирифта ва аз сӯи мақомот боздошт шудааст.

Дар маҷмуъ, ба иттилои тафтишот, Бейшеналиев 110 ҳазор доллар пора гирифтааст. Аммо дар давоми тафтишот вай 37,5 ҳазор доллари гирифтаашро баргардонидааст. "Маблағи боқимондаро ваъда кард, ки дар ояндаи наздик бармегардонад", - хабар дод вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

Алмосбек Бейшеналиеви 41-сола моҳи феврали соли ҷорӣ вазир таъйин шудааст.

Ҳизби мухолифи Қазоқистон бо номзади худ дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад

Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад шуд.

Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад, дар анҷумани рӯзи 1-уми октябр дар шаҳри Остонаи он кишвар Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад кард.

Нурлан Ауесбоев 65 сол дорад. Вай зодаи ҷануби Қазоқистон аст ва маълумоти ҳуқуқшиносиву иқтисодшиносӣ дорад. То ин замон Ауесбоев ба фаъолиятҳои оммавӣ машғул набудааст ва дар мавриди вазъи иқтисодиву сиёсии кишвараш изҳоре ҳам надодааст.

Ауесбоев дувумин номзад дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Қазоқистон аст. Пештар аз вай Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Дайрабоев ҳам нафақахӯр ва барои ҷомеаи Қазоқистон ношинос аст.

Қосимҷомарт Тоқаеви 69-сола, президенти амалкунандаи Қазоқистон низ гуфт, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад хоҳад шуд. Эҳтимол дорад, номзадии ӯро ҳизби ҳокими "Амонат" пешбарӣ кунад. Ин ҳизб рӯзи 6 октябр анҷуман дорад.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия басеҷсозии муҳоҷирони қирғизро рад кард

Сафорати Қирғизистон дар Маскав.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабарҳо дар бораи басеҷи низомии шаҳрвандони хориҷиро дар Русия шарҳ дод.

Сафорати Қирғизистон санадеро дурӯғин унвон кард, ки дар он омадааст, вазорати корҳои дохилии Русия шуруъ аз 1 октябр бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро барои басеҷи низомӣ даъват кунад. Дар санаде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, омадааст, дар сурати саркашӣ ҳаққи кори муҳоҷирон бекор ва онҳо аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд.

"Ин иттилоъ воқеият надорад. Сафорат дубора аз қирғизистониҳо даъват мекунад, ба иттилои нодуруст дода нашаванд ва маълумоти ғайривоқеиро бознашр накунанд", - омадааст дар муроҷиати сафорати Қирғизистон.

Имзои қарори басеҷ ё мобилиатсияи нисбӣ, ки онро рӯзи 21-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин имзо кард, боиси фирори мавҷи азими мардону ҷавонони синни хидмат аз Русия шуд. Наздиктарин марзҳои Русия - Қазоқистон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистону Финляндия макони фирори мардони синни даъват аз Русия мешаванд ва бовар меравад, ки на камтар аз 250 ҳазор мардон сарҳади Русияро убур карда ба хориҷа рафтаанд.

"Радио Свобода", бахши русии Радиои Озодӣ менависад, президент Путин дар изҳороте 29-уми сентябр маҷбур шуд эътироф кунад, ки "дар ҷараёни басеҷ хатоҳои фароворе роҳ дода шуд". Ӯ амр дод, ки афроди ғайриқонунӣ ба артиш бурдашуда ба хонаҳояшон баргарданд. Дар миёни мушкилоту камбудиҳое, ки ёд мешаванд, ин шеваи ташкили даъват ба артиш, таъминот, шароити маишии зисту нигаҳдории сарбозон ва дигарҳо мебошанд.

Мақомот дар Русия инчунин тақозо карданд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, басеҷ шаванд, дар ҳоле, ки аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷангҳои бегонаро манъ ва ҷиноят арзёбӣ мекунад.

Бархе нозирон мегӯянд, басеҷи мардум ба артиш ба обрӯи Русия зарбаи шадид зад ва ҳоло Путин аз роҳи гӯё эътироф кардани хатоҳо, мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.

Узбекистон ба фирори русиягиҳо аз басиҷи низомӣ вокуниш кард

Ҳазорон тан аз русиягиҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна фирор кардаанд.

Дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 30-юми сентябр ба фирори русиягиҳо аз басиҷи низомӣ вокуниш карданд.

"Нисбат ба афзоиши теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз басиҷи низомӣ фирор ва ба Узбекистон меоянд, хабар медиҳем, ки ҳузури онҳоро дар кишвари мо, аз ҷумла истирдоди эҳтимолиашонро қонунгузорӣ, созишномаҳои дуҷониба ва чандҷониба танзим мекунад", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Ин вазорат илова кардааст, шаҳрвандони хориҷӣ, то замоне, ки қонуншиканӣ накардаанд, иҷборан ихроҷ намешаванд.

Баъди он ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21 сентябр қонуни басиҷи низомиро имзо кард, ҳазорон шаҳрванди Русия аз ҷанг фирор ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳ оварданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG