Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва ИА барои Навалний Русияро ҳамроҳ таҳрим хоҳанд кард


20 феврали соли 2021. Алексей Навалний дар додгоҳ
20 феврали соли 2021. Алексей Навалний дар додгоҳ

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ният доранд дар як иқдоми ҳамоҳангшуда Русияро барои заҳролуд ва зиндоникунии Алексей Навалний таҳрим кунанд. Манбаъҳоии дипломатии аврупоиҳо 1 март гуфтанд, ки аъзои ИА бо таҳрими чор мақоми бахши адлияву қонунгузории Русия мувофиқат карданд. Ин нафарон дар боздошти ахири мунаққиди маъруфи Кремлин даст доранд. Дар ҳамин ҳол, ду манбаъ дар маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден ба Reuters ва CNN гуфтанд, ки барои иқдом ба муқобили Русия омода шудаанд.

Бархе манбаъҳо дар Аврупо гуфтанд, ки афроди мавриди таҳрими эҳтимолӣ инҳо мебошанд: Александр Калашников - раиси хадамоти федеролии зиндонҳо, Александр Бастрикин - раиси Кумитаи тафтишоти Руия, Игор Краснов - додситони кулл ва Виктор Золотов - раиси Горди миллӣ. Таҳримҳои нав дар ҳолест, ки соли гузашта ИА барои заҳролудсозии Навалний ҳам аллакай як дафъа Русияро таҳрим карда буд.

XS
SM
MD
LG