Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Арманистон баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро пазируфт


Никол Пашиниён, нахуствазири Арманистон.
Никол Пашиниён, нахуствазири Арманистон.

Никол Пашиниён, нахуствазири Арманистон, ки таҳти фишори мухолифонаш қарор гирифтааст, рӯзи душанбеи 1-уми март дар миёни ҳазорон нафар аз тарафдоронаш гуфт, барои поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, ҳозир аст интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор кунад.

Ҳамзамон бо тазоҳуроти мухолифони ҳукумати Арманистон дар баробари бинои порлумон, ки хостори истеъфои нахуствазир ҳастанд, беш аз 20 ҳазор нафар аз тарафдорони Никол Пашиниён дар Майдони Ҷумҳурӣ дар маркази Ереван ҷамъ омаданд.

Пашиниён бинобар шеваи раҳбарии ҷанги ахир дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва имзои оташбас бо Озарбойҷон, аз сӯи мухолифонаш зери фишори сахт қарор гирифтааст. Нерӯҳои арманӣ дар ин ҷанг шикасти сахт хӯрданд ва маҷбур шуданд бахшҳое аз минтақаҳои таҳти назорати худ дар Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон вогузор кунанд.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон тайи ҳафтаҳои ахир оромӣ дар ин кишварро ба хатар андохтааст.

Пашиниён дар бахше аз суханронии худ дар ҳамоиши тарафдоронаш гуфт, "агар мухолифони порлумонӣ бо баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат мувофиқат кунад, мо низ мувофиқат хоҳем кард. Бигузоред, ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ биравем ва бубинем, ки аксарияти мардум воқеан тарафдори истеъфои чӣ касе ҳастанд".

Нахуствазири Арманистон пазируфт, ки ба иштибоҳ роҳ додааст ва узрхоҳӣ кард, вале айни замони афродеро, ки ба гуфтаи ӯ ҳадафашон заъиф кардани демократия аст, маҳкум кард. Пашиниён гуфт, рақибони қадимиаш мекӯшанд ҳукумати ӯро заъиф созанд ва афзуд, "фақат мардум метавонанд тасмим бигиранд, ки чӣ фард ё ҳизбе дар қудрат боқӣ бимонад".

Ҳамзамон бо гирдиҳамоии тарафдорони Пашиниён, чанд ҳазор нафар аз мухолифона дар назди бинои порлумон ҷамъ омаданд ва гуфтанд, то вақте нахуствазир истеъфо надиҳад, ба тазоҳуроти худ идома хоҳанд дод.

Ҳамоишҳои рӯзи душанбе ҳамзамон бо солгарди ҳодисаҳои хунини рӯзи аввали марти соли 2008 баргузор шуд. Дар он рӯз дар натиҷаи ҳамлаи пулис ба эътирозгарон ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар шаҳри Ереван 10 нафар кушта шуданд.

Армен Саркисян, раиси ҷумҳури Арманистон, ки як мақоми ташрифотӣ дорад, ҳамзамон бо солгарди ҳодисаҳои аввали март аз ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ хост хештандорӣ кунанд. Ӯ дар баёнияе гуфт, "фаъолият ва муборизаҳои сиёсӣ набояд берун аз марзҳои қонун бошад ва набояд сабаби бӯҳрон ва нооромӣ шавад".

Оқои Саркисян рӯзи шанбе ҳозир нашуд дархости Никол Пашиниён барои барканории раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Арманистонро имзо кунад. Бинобар ин, ҳоло пойи раиси ҷумҳур низ ба бӯҳрони сиёсии кишвар кашида шудааст.

Ҳафтаи гузашта Никол Пашиниён фармондеҳони артишро ба "талоши табаддулот" муттаҳам кард. Далели ин иттиҳом номае аст, ки шуморе аз фармондеҳон ва афсарони баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон имзо карданд ва дар он хостори барканории нахуствазир шуданд. Ихтилоф байни нахуствазир ва фармондеҳони низомии Арманистон пас аз барканории ҷонишини раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ аз сӯи Пашиниён ба авҷи худ расид.

Аҳзоби мухолифи ҳукумат ва теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Арманистон оташбас бо Озарбойҷонро "шармандагии миллӣ" хонда ва Никол Пашиниёнро масъули шикасти нерӯҳои арманӣ медонанд. Вале нахуствазир борҳо таъкид кардааст, ки барои пешгирӣ аз талафоти бештари нерӯҳои арманӣ чораи дигаре надоштааст. Дар ҷанги ахир миёни Арманистон ва Озарбойҷон аз ду тараф садҳо нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG