Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сол пас аз тавофуқи Амрико ва Толибон. На сулҳ омад, на хушунатҳо кам шуд


Созишнома миёни Амрико ва Толибонро Залмай Халилзод ва Мулло Бародар имзо карданд. 29 феврал, 2020.
Созишнома миёни Амрико ва Толибонро Залмай Халилзод ва Мулло Бародар имзо карданд. 29 феврал, 2020.

Аз имзои созиши сулҳ миёни Амрико ва Толибон як сол гузашт. "Тавофуқномаи овардани сулҳ дар Афғонистон" на сулҳ овард ва на хушунатро коҳиш дод. Ҳар ду тараф якдигарро барои иҷро накардани бандҳои он муттаҳам мекунанд.

Пас аз имзои созишнома дар рӯзи 29-уми феврали соли гузашта дар шаҳри Давҳа (Доҳа)-и Қатар, ҳеч сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта нашуд, аммо талафоти нерӯҳои амниятии Афғонистон ва куштори ҳадафмандонаи фаъолони маданӣ ва хабарнигорон дар ин кишвар афзоиш ёфт.

Ҳадафи созишнома чӣ буд?

Ҳадафи асосии созишнома, поён додан ба ҷанги Афғонистон ва даст ёфтан ба тавофуқи сиёсӣ буд, аммо он ҳанӯз амалӣ нашудааст. Ҳарчанд ҳама ҷузъиёти созишнома дар ихтиёри расонаҳо қарор нагирифт, тибқи он бояд ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, зиндониёни Толибон озод шаванд ва раҳбарони ин гурӯҳ аз руйхати сиёҳи Созмони Милал берун карда шаванд.

Ҳамчунин, Толибон ба қатъи робитаҳои худ бо гурӯҳҳои тундрави хориҷӣ, аз ҷумла Ал-Қоида, монеи истифода аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар, коҳиши хушунат ва оғози гуфтугӯҳои ру дар рӯ бо ҳукумати Афғонистон вазифадор шуда буданд.

Аммо ду тараф то кадом андоза ба уҳдадориҳои худ амал карданд? Ҳарчанд ҳукумати Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, ҳудуди 12 ҳазор сарбози кишварашро аз Афғонистон берун кард, маъмурияти Ҷо Байден мегӯяд, пас аз арзёбии созишнома дар ин маврид тасмим мегирад. Гурӯҳи Толибон мегӯяд, бештари бандҳои созишнома иҷро шудааст.

"Ҳам аҳд шикастанд ва ҳам ҷангро бас накарданд"

Дар замони имзои санад умед ба барқарории сулҳ дар Афғонистон афзоиш ёфт, аммо ба тадриҷ коҳиш ёфт. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, 5400 зиндонии Толибонро барои нишон додани ҳусни ният ва инки Толибон ба ҷанг поён диҳанд, озод кард, аммо ин гурӯҳ ҳеч қадами мусбате барои сулҳ набардошт.

Раҳматуллоҳ Андар, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, мегӯяд, "Толибон дар баробари шикастани аҳдашон, на хушунатҳоро коҳиш доданд ва на робитаашонро бо гурӯҳҳои дигари террористӣ қатъ карданд. Бар хилофи солҳои гузашта, дар зимистони имсол ҳам ҷангро коҳиш надоданд".

Аммо Толибон ин иддаоро радд мекунанд. Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз имзои созишнома ҳеч банди тавофуқнома аз сӯйи онҳо нақз (поймол) нашудааст.

Яке аз нуктаҳои муҳими созишнома, коҳиши хушунат ва оғози гуфтугӯҳои рӯ дар рӯ миёни афғонҳо буд. Фаридун Хузун, сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, мегӯяд, Толибон ба уҳдадориҳои худ дар заминаи коҳиши хушунат ва пешрафти гуфтугӯҳои сулҳ амал накардаанд.

"Суқут додани вилоятҳо қатъ шудааст"

Аммо Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон мегӯяд, ҳукумат зиндониёни ин гурӯҳро пас аз шаш моҳи таваққуф озод кард ва, бино бар ин, гуфтугӯҳо бо таъхир оғоз шуд. Вай афзуд, "аз замони имзои созишнома, бар марказҳои бузурги низомӣ ва истихборотӣ ҳамла анҷом надодаем. Суқут додани вилоятҳо қатъ шудааст."

Аммо як манбаъ дар Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, ки нахост номаш фош шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон пас аз имзои созишнома ҳамлаҳои маргборро дар Кундуз, Урузгон, Ҳилманд ва Қандаҳор анҷом доданд, аммо шикаст хӯрданд. Ба гуфтаи манбаъ, Толибон ҳамчунин шуморе аз марказҳои низомиро дар Қандаҳор, Нангарҳор, Парвон, Бодғис ва Кундуз ҳадаф қарор додааст.

Кушта шудани беш аз 3 ҳазор ғайринизомӣ дар як сол

Ҳарчанд ҳукумат ва Толибон шумораи дақиқи талафотро дар сафҳои худ намегӯянд, ин сол барои ғайринизомиён соли хунине буд. Ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар гузориши солонаи худ навишт, соли гузашта дар Афғонистон 3035 ғайринизомӣ кушта ва 5758 нафар захмӣ шудаанд. Созмони Милал гурӯҳи Толибонро масъули бештарин талафот медонад, аммо ин гурӯҳ онро рад мекунад.

Дар баробари ин, дар панҷ моҳи гузашта қатлҳои ҳадафманд дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла Кобул шиддат ёфт ва хабарнигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадаф қарор гирифтанд. Бар асоси гузориши Кумитаи ҳифозат аз хабарнигорон, дар як соли гузашта 11 хабарнигор ва корманди расонаҳо кушта шудаанд, ки масъулияти қатли онҳоро ҳеч гуруҳ ба дӯш нагирифтааст.

Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва ҳукумати Афғонистон гурӯҳи Толионро масъули ин кушторҳо донистаанд. Толибон ин иддаоҳоро рад кардааст. Бо вуҷуди ин, ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Афғонистон дар Қатар аз Толибон хостааст, ба гуфтугӯи сулҳ ҳозир шаванд.

XS
SM
MD
LG