Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия гуфт, ки алайҳи чанд корманди зиндоне дар Сибир дар заминаи шикоятҳо аз шиканҷаи зиндониҳо санҷиш шурӯъ шудааст. Ин хадамот рӯзи 25 феврал гуфт, инчунин 10 зиндониро, ки гӯё даст ба шиканҷаи Тоҳирҷон Боқиев задаанд, мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Як дигар аз масъалае, ки санҷида мешавад, заминаҳои бадбинии қавмӣ доштани ин шиканҷаҳо мебошад. Созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониҳо бо номи Gulagu.net моҳи декабр ва баъди ин, моҳи феврал дар бораи ду ҳолати дигари шиканҷаи маҳбусон дар Иркутск гузориш дод. Ин гурӯҳ гуфт, ки як зиндонӣ бо номи Кежик Ондар дар муассисаи ислоҳии рақами 1-и Иркутск таҷовуз шуд ва дар паи ин, чандин ҷароҳат бардошта ҳоло маъюб шудааст. Зиндонии дуюм бо номи Боқиев аввал латукӯб ва китоби Қуръон дар пеши чашмаш таҳқир ва худи ӯ ҳам таҷовуз шуд. Баъди ин зиндониро ду рӯз зери кати утоқи зиндон нигоҳ доштанд ва маъмурияти зиндон нагузошт, ки ӯ бо ҳамсараш дар ин бора гап занад ва беш аз як моҳ нагузоштанд, ки бо наздиконаш телефонӣ сӯҳбат кунад.
22 феврал Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия гуфт, ки тафтишоти пешакӣ дар зиндонҳои рақами 1 ва 6-и шаҳри Иркутск ба роҳ монда шудааст. Василий Осечник, муассиси вебсайти Gulagu.net 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бархе зиндониҳо иқрор шудаанд, ки латукӯб ва шиканҷаи дигар маҳбусонро бо фармони кормандони зиндон анҷом медиҳанд. Боқиев ва Ондар пеш аз ин дар зиндони рақами 15-и шаҳри Ангарски вилояти Иркутск нигаҳдорӣ мешуданд ва баъди як шӯриши зиндониҳо моҳи апрели порсол онҳоро ба муассисаҳои дигари ислоҳӣ интиқол доданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки бархе зиндониҳо нақл кардаанд, ки онҳоро маъмурияти зиндон ба шиканҷаи дигар зиндониҳо маҷбур мекунад, то ки онҳо иқрор шаванд, ки дар ошӯб иштирок кардаанд.