Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Ғуломҳайдаров, футболбоз ва мураббии машҳур 75-сола шуд


Владимир Ғуломҳайдаров.
Владимир Ғуломҳайдаров.

Владимир Ғуломҳайдаров, дурахшонтарин ситораи футболи тоҷик дар солҳои 60-70-уми қарни XX, имрӯз, 26-уми феврал, ҷашни 75-солагии зодрӯзашро таҷлил менамояд. Вай нимҳимоятгари моҳир буд ва ҳаводорони футболро бо ҳунари волою техникаи олии бозиаш мафтун мекард.

Ғуломҳайдаров солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Баъдан ин футболбози тоҷик ду сол (1969-1970) шарафи бошгоҳи маъруфи Русия - «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки соли 1968 ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

Сулаймон Бобокалонов, собиқ бозигари дастаи «Помир», ки шогирди Ғуломҳайдаров аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "замоне ки мо дар мактаби варзишӣ ба бозии футбол машғул будем, дар рӯзҳои бозиҳои «Помир» дар варзишгоҳи марказӣ ба футболбозон кӯмак мекардем. Яъне тӯби аз хатти майдон беруншударо ба онҳо бармегардондем. Албатта мо ба ҳунарнамоии футболбозон низ таваҷҷуҳ мекардем. Ман, бахусус аз бозии Владимир Ғуломҳайдаров хеле лаззат мебурдам. Вай техникаи олӣ дошт, зарбаҳояш сахту нишонрас буд ва голҳои зебояш маро мафтун месохт. Баъдан, замоне ки ба ҳайати асосии дастаи “Помир” шомил шудам, устод Ғуломҳайдаров сармураббии даста буд. Аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам. Ӯ барои мо, шогирдон, намунаи ибрат буд".

Тӯли беш аз 40 сол Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият кардааст. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Гузариш» («Переправа») мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» сарфароз гаштааст.

Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав солҳои 1980-1983 дар дастаи «Помир» аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии «Помир», дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими «Саддам»-и Сарбанд буд.

Вай беш аз 20 сол дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба сар бурдааст. Ӯ нахуст сармураббии дастаи “Батир” (Экибастуз) буд. Баъдан ба ҳайси мураббӣ, мураббии калон, сармураббӣ, мураббии мушовир дар дастаҳои «Ғайрат» (Алмаато), “Тараз” (Ҷамбул) , “Жетису” (Талдиқӯрғон), “Мегаспорт” (Алмаато), “Локомотив” (Остона) ва “Сункар” (Каскелен) кор кардааст.

Феълан нафақахӯр аст. Соҳиби ду духтару ду набера мебошад ва ҳамроҳи онҳо дар шаҳри Маскави Русия зиндагӣ мекунад.

Алимаҳмад Мирзоев, собиқ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ки бо Владимир Ғуломҳадаров тӯли ним аср ошноӣ дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаи футболбози машҳур Владимир Ғуломҳайдаров баргузор шуд. Мо ба ин мусобиқа устодро даъват кардем ва ӯ аз шаҳри Алмаато ба зодгоҳаш - Душанбе омад. Вай бозиҳоро тамошо карда, хеле хурсанд шуд, ки футболи наврасон дар кишвар рушд меёбад. Вале, мутаассифона, солҳои ахир ин мусобиқа баргузор нашудааст. Хуб мебуд, ки мусобиқа мақоми байналмилалӣ касб мекард ва барои ширкат дар Ҷоми Владимир Ғуломҳайдаров дастаҳои наврасонро аз кишварҳои дигар даъват мекарданд"

25-уми октябри соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав барпо гардид. Ин бозиро Федератсияи футболи Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии нахустин ширкати “Помир”-и Душанбе дар чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ ташкил кард.

Дар ин бозии рафиқона дар ҳайати собиқадорони “Спартак”-и Маскав ситораҳои машҳури футбол, ба мисли Георгий Ярсев, Юрий Гаврилов, Олег Романсев, Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Вагиз Хидиятуллин, Сергей Шавло, Валерий Шмаров ва дигарон ба майдон омаданд.

Дар ҳайати “Помир” бошад, ситораҳои футболи солҳои 70-80-ум, ба мисли Владимир Ғуломҳайдаров, Валерий Турсунов, Алексей Чередник, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Анатолий Воловоденко, Владимир Ермолаев ва дигарон бозӣ карданд.

Ин бозии дӯстона, ки бо ҳузури 15 ҳазор тамошобин сурат гирифт, бо ҳисоби мусовии 4-4 ба анҷом расид. Дар ин бозии рафиқона Владимир Ғуломҳайдаров, ки ба ҳайси капитани “Помир” ба майдон омад, ба синну соли худ нигоҳ накарда, маҳорати баланд, бахусус техникаи хуби бозӣ, нишон дод.

XS
SM
MD
LG