Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КБО Брисбенро номзади бартари мизбони Бозиҳои олимпии соли 2032 донист


Шаҳри Брисбане, Австралия.
Шаҳри Брисбане, Австралия.

Шаҳри Брисбен барои ба даст овардани ҳуқуқи мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 қадами бузург гузошт, зеро Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) 24-уми феврал тасдиқ кард, ки номзадии минтақаи Австралия бартарӣ дорад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, КБО қарор аст музокироти истисноӣ ё "муколамаи ҳадафнок"-ро бо мақомоти Австралия доир ба баргузории Бозиҳо пас аз 11 сол, баъди қарори Шӯрои иҷроия дар бораи тасдиқи тавсияи Комиссияи мизбони бозиҳои тобистона, дар ҷараёни ҷаласаи фосилавӣ, оғоз кунад.

Раиси Комиссияи мизбони бозиҳои тобистона Кристин Клостер Осен гуфт, ки кор бо масъулини иёлати Квинсленд фавран оғоз мешавад ва натиҷаҳои муҳокимаҳо дар замони муқарраршуда ба Шӯрои иҷроия пешниҳод мегардад.

Клостер Осен пешниҳод кард, пеш аз он ки комиссия Брисбенро расман ҳамчун мизбони Олимпиада ва Паралимпиадаи соли 2032 тавсия диҳад, Квинсленд бояд ҳуҷҷатҳо ва кафолатҳои заруриро барои баргузории Бозиҳо пешниҳод намояд.

Интизор меравад, ки интихоби мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 дар Ассамблеяи кулли КБО, ки пеш аз оғози Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор мешавад, сурат гирад.

Таҷрибаи баланди баргузории бозиҳои муҳташами варзишӣ, консепсияи пешрафтаи бозиҳо, ки пурра бо Рӯзномаи олимпии 2020 мувофиқат мекунад ва истифодаи аз 80 то 90 дар сади ҷойҳои мавҷуда ё муваққатиро дар назар дорад, аз бартариҳои Брисбен мебошад.

Австралия соли 2000 дар Сидней Бозиҳои олимпиро мизбонӣ карда буд ва гумон меравад бозиҳо пас аз 32 сол ба ин кишвар баргардад.

Барои мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 кишварҳои Қатар, Ҳиндустон, Индонезия, Чин, Олмон ва Маҷористон низ дархост дода буданд.

XS
SM
MD
LG