Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи афзоиши стипендияҳо дар Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон имрӯз қарори афзоиши идрорпулӣ ё стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро имзо кард. Қарор мегӯяд, аз 1- уми сентябри соли ҷорӣ андозаи идрорпулии донишҷуён, магистру аспирант ва докторантҳо дар кишвар боло бурда мешавад. Ба ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки тамоми чораҳои лозима барои амалӣ шудани қарори мазкур андешида шавад. Феълан донишҷӯёни аълохони донишгоҳҳои Тоҷикистон моҳе 239 сомонӣ, муҳассилини пешқадам 173 сомонӣ ва онҳое, ки бо баҳои се таҳсил мекунанд, 64 сомони идрорпулӣ мегиранд. Идрорпулии афроде, ки дар аспирантура мехонанд, 564 сомонӣ буда, ҳаҷми идрорпулии президентӣ ба 942 сомонӣ баробар мебошад.

Охири моҳи январ президент амр дод, ки шурӯъ аз моҳи сентбяри соли 2021 андозаи стипендияи донишҷӯён 30 дарсад, нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ 20 фоиз ва маъюбони гуруҳи якум 50 дарсад боло бардошта шавад.

Дастури боло бурдани стипендияву нафақаҳо ва он ҳам барои маъюбон дар ҳолест, ки тавварум ва инфлятсияи сомонӣ соли равон назар ба солҳои қаблӣ хеле баланд буд ва то поёни соли 2020 ба 9,4 дарсад расид. Солҳои қаблӣ мизони таварруми сомонӣ дар сатҳи 6-7 дарсад қарор мегирифт. Аз ин рӯ қисме аз болоравии нафақаҳоро таваррум ва гарон шудани нархи маводи хӯрокворӣ фурӯ мебарад.

XS
SM
MD
LG