Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз хуруҷи шитобкоронаи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон


Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон.
Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон.

Раиси Кумитаи хадамоти низомии Сенати Амрико мегӯяд, ки ӯ идомаи ҳузури низомии ин кишвар баъд аз моҳи май дар Афғонистонро пешбинӣ мекунад. Сенатор Ҷак Реед, рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, "дар кутоҳмуддат ман интизор дорам, ки ҳузури низомӣ тамдид шавад".

Ин сенатор аз Ҳизби демократ дар идома ҳушдор додааст, ки "талошҳо барои берун кашидани нерӯҳо дар чанд моҳ як талоши бисёр чолишбарангез ва бесуботкунанда аст".

Бар асоси тавофуқномаи рӯзи 29-уми феврали соли 2020 миёни Амрико ва Толибон дар Қатар, қарор аст ҳама нерӯҳои байналмилалӣ то моҳи майи имсол Афғонистонро тарк кунанд. Аммо Вазорати дифои Амрико ахиран гуфт, ки Толибон бархе бандҳои созишномаро иҷро накардаанд. Қоҳиши хушунат, қатъи робита бо гурӯҳҳои ҳаросафкан ба шумули Ал-Қоида, аз ӯҳдаҳориҳое буд, ки Толибон ба риоят накардани он муттаҳам шудаанд.

Ҳоло ҳукумати Ҷо Байден, президенти нави Амрико созишномаро бозбинӣ мекунад, то дида шавад, ки Толибон ба бандҳои ин созишнома амал карданд ё не.

Дароз кардани муҳлати ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар ҳоле пешбинӣ мешавад, ки ҳукумати Олмон гуфтааст, агар зарурат бошад, ҳузури нерӯҳои худ дар Афғонистонро то соли 2022 тамдид мекунад. Олмон баъд аз Амрико аз ҳама бештар дар Афғонистон нерӯи низомӣ дорад.

Ҳукумати Ангела Меркел рӯзи чаҳоршанбе тарҳеро қабул кард, ки заминаи идомаи ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон то 31-уми январи соли ояндаро фароҳам мекунад. Ҷумҳурии Чех низ рӯзи сешанбе гуфт, ки ба маъмурияти низомии худ дар Афғонистон идома медиҳад.

Шоҳмаҳмуд Миёхел, муовини вазири дифои Афғонистон гуфт, "ин ки Амрико ва дигар аъзои НАТО барои мубориза бо терроризм якҷо ба Афғонистон омадаанд, бидуни шак дар бораи берун рафтан, тасмими муштарак хоҳанд гирифт".

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар моҳҳои ахири ҳукумати худ гуфт, ки шумораи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро ба 2500 нафар коҳиш додааст. Ин камтарин шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар 20 соли гузашта дар Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Дар ин миён Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар нишасти рӯзи панҷшанбеи вазирони дифои НАТО гуфт, ки дар мавриди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон ба мувофиқа нарасиданд. Ӯ афзуд, ки ин паймон ба ҳимояти худ аз нерӯҳои амниятии Афғонистон идома хоҳад дод.

Нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Амрико дар тирамоҳи соли 2001 ба Афғонистон ҳамла карданд ва ҳукумати Толибонро суқут доданд. Дар 20 соли ахир даҳҳо ҳазор нафар дар ҷангҳои Афғонистон ҷон бохтанд. Талафоти нерӯҳои хориҷӣ дар ин ҷанг ба садҳо нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG