Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари собиқи Марий Эл ба 13 соли зиндон маҳкум шуд


Леонид Маркелов 57 сол дорад
Леонид Маркелов 57 сол дорад

Додгоҳе дар Нижний Новгород раҳбари пешини ҷумҳурии Марий Эли Русия Леонид Маркеловро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро дар гирифтани ҳаҷми калони пора, сӯиистифода аз мақом ва ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ айбдор карданд. Дар ин бора "Интерфакс" хабар дод. Маркелов инчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 235 миллиону 280 ҳазор рубл муваззаф шуд. Додситонӣ талаб мекард, ки Маркеловро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кунанд, аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум ва дар се соли баъди зиндон аз ҳақи гирифтани мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Маркелов гуноҳро эътироф накард. Леонид Маркелов аз соли 2001 то 2017 раҳбари Ҷумҳурии Марий Эл буд. Ӯ моҳи апрели соли 2017 ихтиёран ба истеъфо рафт ва чанд рӯз баъдаш ба ҳабс гирифта шуд. Тафтишот мегӯяд, ки Маркелов барои кӯмак дар пардохти маблағҳои давлатӣ тавассути шахси боваринокаш 235 миллион рубл пора гирифтааст. Замоне, ки дар боздоштгоҳи "Лефортово"-и Маскав нигаҳдорӣ мешуд, Маркелов гуфт, шароити нигаҳдориаш як шиканҷа аст. Ӯ гуфт, ки бисёр вақт ба ӯ фишори равонӣ оварда, аз як утоқ ба утоқи дигари зиндон мегузарониданд, кофтукоб ташкил карда ёрии тиббӣ намерасониданд. Вакилаш гуфт, ки ин ҳама корҳо барои он буд, ки мақомдори собиқ зидди худ баёнот диҳад.

XS
SM
MD
LG