Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиат деҳқонони тоҷикро фиреб кард?ВИДЕО


Хунукӣ дар Тоҷикистон

Сокинони Тоҷикистон тӯли як моҳи ахир ба ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ дар фасли зимистон ва шукуфтани бархе аз дарахтони мевадиҳанда одат карданд. Аммо масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки то ду рӯзи дигар сардӣ ба кишвар бармегарданд ва шояд боиси талафоти ҳосили боғдорон ва кишоварзон шавад.

Аз охири моҳи гузашта шукуфтани гулҳои дарахтоне ба мисли бодому зардолу ва олуву шафтолу дар минтақаҳои мухталифи кишвар мушоҳида мешуд. То чанд рӯзи пеш ҳарорат дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор то ба 28 дараҷа мерасид. Ҳоло боронҳои ду рӯзи ахир ба сокинон ва кишоварзон ҳушдор медиҳад, ки ҳанӯз фасли зимистон аст ва набояд фориғбол буд.

Ҳавошиносон мегӯянд, сармо ба Тоҷикистон бармегардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон 23-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимоли омадани ҳавои сард ба ба Тоҷикистон аз Қафқоз ва Урали Русия зиёд аст: “Агар то 24-уми феврал дар қисми зиёди водиҳо ҳарорати ҳаво шабона то 3-8 дараҷа ва рӯзона то 10-12 дараҷа гарм пешгӯӣ шуда бошад, вале рӯзи 25-ум ҳарорат дар водиҳои вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ якбора то 0 дараҷа поин мешавад. Дар бархе минтақаҳо ҳарорат рӯзона то 2 дараҷа сард хоҳад монд, вале, баъдан шабона ҳарорати ҳаво дар ин минтақаҳо аз 3 то 8 дараҷа, дар бархе минтақаҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ то 10 дараҷа сард мешавад. “

Суҳбати мо бо Ҷамила Байдуллоева дар саҳни ҳавлии Маркази ҳавошиносӣ дар канори дарахти гулкардаи зардолу сурат гирифт. Аз хонум Байдуллоева пурсидам, ки бо чунин сардиҳо сарнавишти ин дарахтҳо шукуфта чӣ мешавад? Сардори ҳавошиносони тоҷик гуфт, ки “25 ва 26-уми феврал мутаассифона ин гулҳоро шояд сармо мезанад”.

Мутахассисон мегӯянд, ки бозгашти сардӣ баъд аз шукуфтани дарахтон ба боғдорон хисороти ҷиддӣ мерасонад. Рустамхоҷа Қаландаров, мудири бахши токпарварии Пажӯҳишгоҳи боғпарварии Академияи кишоварзии Тоҷикистон: “Албатта, ин сардиҳо ба ҳамаи дарахту зироате, ки имрӯз сабзида баромадаанд, таъсири манфии калон мерасонад. Дар токзорҳо бошад, аллакай дар тани ток об давидааст. Агар хунукиҳо аз 3 дараҷа боло шавад, аллакай он токҳоро хунук мезанад. Ин сардиҳо ҳамчунин ба сабзавоти барвақтӣ низ осеб мерасонад. Агар, кишти картошкаи барвақтӣ дар чуқурии то 7 сантиметр анҷом шуда бошад, онро ҳам сармо мезанад”.

Рустамхоҷа Қаландаров афзуд, ки бештаре аз ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳатто агар онҳо нашукуфта бошанд ҳам аз сармо осеби ҷиддӣ мебинанд. Ба гуфтаи вай, бо эҳтимоли зиёд, дарахтони анҷиру анор, ки гармиро дӯст медоранд, сармо мезанад. Ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, танҳо ниҳолоне, ки дар заминҳои лалмӣ ё дар баландкӯҳҳо парвариш мешаванд ҳанӯз дар хоби зимистонӣ ҳастанд, эмин хоҳанд буд.

Пажӯҳишгарон дар гузашта борҳо сардиҳои ғайримунтазира дар фасли баҳорро сабт кардаанд, ки боиси хисороти бузург ба бахши кишоварзӣ, хоса боғу токпарварӣ ворид шудааст. Рустамхоҷа Қаландаров бар ин назар аст, ки ин ҳама паёмадҳои тағйири иқлим аст. Вай афзуд, ки “дигаргуншавии иқлим зимистонро ҳам иваз карданаш мумкин аст ва ҳам баҳорро, дар вақти тобистон ягон хунукии сахт карданаш мумкин аст. Ин хел ҳодисаҳо солҳои 2003, 2007, 2012 дар Тоҷикистон рух дода буд. Лекин то ин дараҷа расидагӣ набуд, ки дарахтон дар моҳи феврал гул кунанд”.

Зимистони соли гузашта ҳам дар Тоҷикистон камбориш буд, аммо рӯзи 9-уми апрел дар водиҳо ва манотиқи кӯҳӣ барф борид, ки ҳосили қисме аз дарахтон, аз ҷумла гелосу ангурро нобуд кард.

XS
SM
MD
LG