Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон маъракаи эмкунӣ аз COVID-19 шурӯъ шуд


Дар Кохи "Арг"-и Кобул маросими муаррифии воксинаи зидди коронавирус ва ҳам аввалин ҳолатҳои эмкунӣ барпо шуд
Дар Кохи "Арг"-и Кобул маросими муаррифии воксинаи зидди коронавирус ва ҳам аввалин ҳолатҳои эмкунӣ барпо шуд

Дар Афғонистон маъракаи эмкунӣ бар зидди COVID-19 шурӯъ шуд ва дар навбати аввал кормандони сохторҳои интизомӣ, тиббӣ ва журналистони кишвар ба воксина дастрасӣ пайдо мекунанд. Кишвари ҷангзадаи ҳамсояи Тоҷикистон аввалҳои моҳи феврал аз як Пажӯҳишгоҳи тиббии Ҳинд ним миллион дона воксинаи ширкати AstraZeneca-ро дастрас кард, ки ба қавли мақомоти Афғонистон, бепул тақдим шуд. Журналисти ТВ “Тулӯъ” Аниса Шаҳид аввалин нафаре буд, ки дар баробари як табиб ва ду узви нирӯҳои амниятии Афғонистон эм карда шуд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки дар маросими тақсими воксинаҳои аввалин иштирок кард, гуфт, ин имконияти азим барои мардуми Афғонистон аст ва аз мақомоти беҳдошти кишвар хост, ки тақсими одилонаи воксинаро таъмин кунанд.

Мақомот расман аз 55 ҳазору 600 ҳолати тасдиқшудаи олудашавӣ ба коронавирус ва тахминан 2430 ҳолати марг бар асари COVID-19 хабар доданд, вале бар асоси як назарсанҷии вазорати беҳдошти Афғонистон, бовар меравад, ки шумори воқеии олудашудаҳо 10 миллион нафар ваё сеяки ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG