Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА мақомоти ҷудогонаро дар Русия таҳрим мекунад


Вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо рӯзи 22 феврал дар посух ба ҳабси раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний ва саркӯби тарафдорони ӯ бастаи нави таҳримҳо “нисбати ашхоси мушаххас”-ро ҷорӣ кард. Дар вокуниш ба ин тасмим вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки аз ин иқдоми аврупоиҳо “ноумед” шудаанд ва Шӯрои умури хориҷии Иттиҳоди Аврупоро дар он муттаҳам кард, ки ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандони Русия омода мешавад. Маскав инчунин тақозо аз хориҷаро барои озод кардани Навалний “комилан ғайри қобили қабул” номид. 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои ҳадафмандона ба муқобили шахсиятҳову сохторҳои марбут ба Русияро андеша доранд, ки муҷозот барои поймолкунии ҳуқуқи башар буда, дар шакли масдудкунии ҳисобҳои бонкиву манъи виза ифода мешавад. Бархе манбаъҳои дипломатӣ гуфтанд, ки дар миёни шахсиятҳои мавиди таҳрими Аврупо Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия ҳам ёд мешавад.

XS
SM
MD
LG