Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибону ҳукумати Афғонистон ба мизи музокирот бармегарданд. ВИДЕО


Баъди таъхири якмоҳа бо сабаби авҷгирии хушунатҳо дар Афғонистон, шоми 22-юми феврал дар Давҳаи Қатар музокираи сулҳи миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон аз сар гирифта шуд. СММ дар як муроҷиаташ оташбаси билофосила ва хатми талафоти инсониро тақозо кард.

Сухангӯи Толибон Муҳаммад Наим шаби гузашта дар "Твиттер" хабар дод, ки музокирот аз сар гирифта шуд. Телевизиони "Тулӯъ" ба нақл аз сухангӯи Толибон гуфт, ки раҳбарони ду ҳайат ва ҳам бархе аъзои тими музокиротӣ дар Давҳа бо ҳам гуфтугӯ карданд. Ӯ афзуд, ки гурӯҳҳои корӣ мулоқоти худро идома хоҳанд дод.

Музокироти миёни Толибон ва аъзои ҳукумат моҳи гузашта, баъди чанд рӯзи шурӯи дубора, ногаҳон қатъ шуд. Барои ҳукумати Афғонистон, ИМА ва НАТО коҳиши хушунатҳо, ки роҳро ба хатми низоъ боз мекунад, дар авлавият қарор дорад. Толибон ҳам гуфтаанд, ки ин масъала қобили баррасӣ аст. Вале то ҳол хушунатҳо идома доранд.

Фиғони "модаре", ки Афғонистонро такон дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00


Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 23 феврал дар гузорише гуфт, ҳарчанд соли 2020 назар ба соли 2019 мизони хушунатҳо 15 дарсад коҳиш ёфт, моҳҳои охири соли 2020 ҳамлаҳо афзоиш пайдо кард. Муаллифони гузориш -- Ҳайати кӯмакрасони СММ дар Афғонистон ва Дафтари ҳуқуқи башари СММ ба вазъ ҳамчунин таҳаввулоти нигаронкунанда ишора кардааст.

Шумори умумии қурбониҳову талафот миёни сокинони мулкӣ дар соли гузашта 8820 нафар, аз ҷумла, 3035 нафар кушта ва 5785 маҷрӯҳ гуфта шудааст. Аввалин бор аст, ки аз соли 2013 ба ин тараф омори хисороти ҷонӣ аз 10 ҳазор нафар камтар шудааст. 43 дарсади ин қурбониҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Вашингтон ҳоло бо бозбинии бандҳои созиши порсолаи Амрико ва Толибон машғул аст. Як шарти муҳими ин созиш хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон то 1-уми майи имсол мебошад. Дар миёни мақомоти Вашингтон бисёриҳо ба ин андеша ҳастанд, ки хуруҷи нерӯҳо бояд ба таъхир гузошта шавад, вале ҷангиён ҳатто ба хуруҷи пеш аз мӯҳлати нерӯҳо ҳам таъкид мекунанд. Аз 10 ҳазор нерӯи байналмилалӣ дар Афғонистон, 2,5 ҳазор нафарашон амрикоӣ мебошанд.

Ҷо Байден, ки ба зарурати созиши сиёсии хатми ҷанг таъкид кардааст, дипломати собиқадор Залмай Халилзодро дар мақоми раҳбари гурӯҳи музокиротии ИМА нигоҳ дошт. Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта раҳбари ҳайати музокиротии Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар дар номаи боз ба мардуми Амрико тақозо кард, ки бо созиши сулҳ мувофиқат кунанд.

Вале СММ дар гузоришаш ҳушдор дод, ки оташбас бояд дар авлавияти кори ҷангиён қарор гирад. Дебора Лаянс, раҳбари дафтари СММ дар Афғонистон гуфт, "соли гузашта метавонист соли сулҳ дар Афғонистон шавад. Бар иваз, ҳазорҳо мардуми мулкӣ дар Афғонистон кушта шуданд".

Ӯ гуфт, тарафҳое, ки оташбасро эътироф намекунанд, бояд паёмадҳои харобиовари ин тасмимро дарк кунанд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG