Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ду генерали дигари Мянмарро таҳрим кард


Се ангушт нишонаи тарафдорӣ аз раҳбари ҳабсшуда Аун Сан Суҷӣ аст
Се ангушт нишонаи тарафдорӣ аз раҳбари ҳабсшуда Аун Сан Суҷӣ аст

ИМА рӯзи 22 феврал эълон кард, ки ду генерали дигари дастдошта дар кудатои низомӣ дар Мянмар таҳрим мешаванд ва таҳдид кард, ки нисбати ҳар як нафари дигари дастдошта дар хушунат алайҳи эътирозгарон иқдом хоҳад кард. Таҳримҳои нав ин ду генералро аз ҳақи сафар ба ИМА маҳрум карда, дороиҳои онҳоро дар хоки ИМА ҳам масдуд мекунад. ИМА то ҳол даҳ шахсияти муҳими узви Шӯрои мудирияти давлатӣ ва се сохтори Мянмарро таҳрим кардааст. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар изҳороти ҷудогонае гуфт, ки ИМА барои иқдом алайҳи онҳое, ки даст ба хушунат зада иродаи мардумро саркӯб мекунанд, истиҳола нахоҳад кард. Блинкен инчунин аз низомиён ва полис хост, ки ҳамла ба эътирозгарони сулҳомезро хотима дод, шахсони бегуноҳ зиндонишударо озод кунад. Қабл аз ин Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки дар фикри таҳрими тиҷоратҳои низомиёни Мянмар мебошад.

Дар паи корпартоии умумӣ дар Мянмар рӯзи 22 феврал тамоми тиҷорату корхонаҳо аз кор монд. Бо вуҷуди таҳдиди мақомот алайҳи ширкат дар эътирозҳо, 23 феврал қарор аст мардуми бештар барои эътироз ба хиёбонҳо бароянд.

XS
SM
MD
LG