Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони серфарзанд дар Қазоқистон бо нишони эътироз гирдиҳамоӣ карданд


Эътирози занон. Қазоқистон.
Эътирози занон. Қазоқистон.

Даҳҳо зан рӯзи 22-юми феврал назди бинои вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон ҷамъ омаданд.

Онҳо аз роҳбари ин вазорат таъмин бо манзилҳои иҷтимоӣ ва кӯмакпулӣ барои ҳар кӯдаки то 18-соларо талаб карданд. Ба гуфтаи занҳо, кӯмаки нокифояи давлатӣ боиси фоҷиаҳо мешавад. Ахиран дар шаҳри Жанатаси Қазоқистон панҷ кӯдаки як хонавода дар сухторе фавтиданд.

Занҳо мегӯянд, мақомдорони Қазоқистон ин фоҷиаҳоро намебинанд ва бархеҳо ҳатто таҳқир мекунанд. "Ноиб-вазирон вориди муколама намешаванд. Мушкилоти умумиро ҳал намекунанд, танҳо дар фикри ҳалли мушкили худ ҳастанд", - гуфт модари серфарзанд Ботағоз Шиниқулова.

Вазири меҳнати Қазоқистон ба мулоқоти занҳо набаромад. Баъди он занҳо ба идораи марказии ҳизби ҳокими "Нур Отан" равона шуданд. Дар ин ҷо низ касе ба мулоқоти занҳо набаромад.

Гирдиҳамоии занҳои серфарзанд дар Қазоқистон ду соли охир идома дорад. Ибтидо, дар соли 2019, фавти панҷ кӯдак аз як хонавода дар оташсӯзие дар шаҳри Нурсултон боиси гирдиҳамоии занон шуд

Чунин як фоҷеаи дигар бо гузашти як сол дар шаҳри Жанатас рух дод: дар оташсӯзии манзиле панҷ тифли дигари як хонавода фавтид.

Модарони серфарзанд мегӯянд, талабҳои онҳо аз мақомот асосноканд. Агар хонаводаҳои серфарзанд дар манзилҳои нимавайрона ва шароити бад зиндагӣ накунанд, имкони ба боғча фиристодани кӯдакон фароҳам бошад, дар чунин сурат фоҷеа сар нахоҳад зад.

XS
SM
MD
LG