Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси хонагии вазири пешини тандурустии Қазоқистон тамдид шуд


Елжан Биртанов, собиқ Вазири тандурустии Қазоқистон.
Елжан Биртанов, собиқ Вазири тандурустии Қазоқистон.

Мақомоти тафтишотии Қазоқистон муҳлати ҳабси вазири пешини тандурустии Қазоқистон Елжан Биртановро то охири моҳи марти имсол тамдид карданд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Дмитрий Куряченко хабар дод.

Куряченко ҳамзамон гуфт, "бо дархости баррасии таъқиби беасоси Биртанов" ба унвони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев муроҷиатнома ирсол кардааст.

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 3 ноябри соли 2020 боздошти Биртановро тасдиқ карданд. "Парвандаи ҷиноӣ нисбати Биртанов бо далели исрофкорӣ дар харҷи буҷа таҳқиқ мешавад",-омадааст дар хабари мақомоти Қазоқистон. Додгоҳ Биртановро дар марҳилаи тафтишот ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Биртанови 49-сола аз моҳи январи соли 2017 то охири июни соли 2020 вазири тандурустии Қазоқистон буд. Вай дар пасманзари афзоиши гирифторони вабои коронавирус ва норасоии кат дар беморхонаҳои Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод.

Пештар аз он Олжас Абишев, муовини Биртановро бо гумони исрофи наздики 500 миллион тангаи буҷа боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG