Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Вазири корҳои дохилии Эрон ба Тоҷикистон


Раҳмонии Фазлӣ, Вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон.
Раҳмонии Фазлӣ, Вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон.

Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбеи 22-юми феврал бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода, ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои расмии Эрон, сафари дурӯза оқои Фазлӣ ба Тоҷикистон ба ҳадафи рушди муносибатҳои ду кишвар анҷом мешавад.

ИРНА -- хабаргузории расмии Эрон навишт, ки Вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломӣ дар ин сафар зимни мулоқот бо масъулони Тоҷикистон, масъалаҳои мавриди назари ду тарафро пайгирӣ хоҳад кард.

Эрон ва Тоҷикистон то кунун 13 нишасти Комиссияи муштараки байни ду кишварро баргузор кардаанд.

Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набудааст. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароид. Аммо дар се соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

XS
SM
MD
LG