Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори раҳбари СММ аз "зӯри бераҳмона" нисбати эътирозгарони Мянмар


22 феврал, шаҳри Янгон. Эътирозгарон озодии Аун Сан Суҷӣ, раҳбари кишварро талаб мекунанд, ки аз ҷониби низомиён ба ҳабс гирифта шудааст
22 феврал, шаҳри Янгон. Эътирозгарон озодии Аун Сан Суҷӣ, раҳбари кишварро талаб мекунанд, ки аз ҷониби низомиён ба ҳабс гирифта шудааст

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи 22 феврал истифодаи “зӯри бераҳмона” алайҳи эътирозгарони ғасби қудрат дар Мянмарро маҳкум карда хатми билофосилаи саркӯбҳову озодкунии зиндониҳоро тақозо кард. Гутерреш тавассути як паёми видеоии аз пеш сабтшудааш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, “имрӯз ман аз низомиёни Мянмар тақозо мекунам, ки саркӯбҳоро билофосила хотима диҳанд. Зиндониҳоро озод кунанд, хушунатҳоро хотима диҳанд. Ҳуқуқи башар ва иродаи мардум дар робита бо интихоботи ахирро эҳтиром кунанд”.

Рӯзи 22 феврал, бо вуҷуди таҳдидҳои воқеии ҳунта ё гурӯҳи низомиёни ғосибони қудрат дар Мянмар, намоишҳои эътирозии мардум идома кард. Ҳушдори мақомоти Мянмар ба мардум баъди он садо дод, ки рӯзҳои истироҳати гузашта се эътирозгар кушта шуд. Вашингтон рӯзи 21 феврал ҳушдор дод, ки фишорро афзоиш медиҳад. Дар Мянмар шурӯъ аз 1 феврал, замоне, ки низомиён қудратро ба даст гирифта, раҳбарони мадании ҳукуматро ҳабс намуданд, мавҷи эътирозҳо хомӯш намешавад.

XS
SM
MD
LG