Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ суханронӣ мекунад


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 22-юми феврал дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дод.

Дар ин ҷаласаи маҷозӣ Шавкат Мирзиёев "дар мавзуи авлавиятҳои ташаккули демократия дар Узбекистон ва самтҳои асосии фаъолият дар доираи Шӯрои ҳуқуқи инсон", суҳбат мекунад.

Дар ин ҷаласа Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш, Комиссари олӣ дар умури ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет, сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони олии 150 кишвар ширкат хоҳад варзид.

Сарфи назар аз он, ки ҳукумати Узбекистон мегӯяд, ҳамасола вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар беҳбуд меёбад, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ мегӯянд, дигаргунии куллӣ мушоҳида намекунанд.

XS
SM
MD
LG