Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо барои ҳабси Навалний Русияро аз нав таҳрим мекунад


Алексей Навалний.
Алексей Навалний.

Қарор аст 22-юми феврал вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои нав алайҳи Русияро муаррифӣ кунанд. Ин таҳримҳо дар посух ба ҳабси сиёсатмадори мухолифон Алексей Навалний ва саркӯби эътирозгарону ҳамкорони ӯ ҷорӣ хоҳанд шуд.

Дипломатҳои баландпоя аз 27 кишвари узви ИА дар Брюссел ҷамъ шуда нисбати шахсияту сохторҳо таҳримҳои ҳадафмандонаи мисли манъи додани виза ва масдкудкунии дороиҳоро ҳамчун муҷозот барои нақзи ҳуқуқи инсон ҷорӣ мекунанд.

Ин таҳаввулот натиҷаи баҳсҳои чандҳафтаинаи дохилӣ дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо мебошад. Навалний, ки аз заҳри низомие заҳролуд шуда аз моҳи август то 17-уми январ дар Олмон табобат мегирифт, баробари расидан ба Маскав боздошт ва аввали моҳи феврал барои гӯё нақз кардани қарори ҳабси шартии додгоҳ аз соли 2014 ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Ин қарор боиси эътирозҳои сартосарӣ дар Русия шуд ва мақомот бо латукӯбу ҳабси садҳо нафар посух доданд ва ин кори онҳо боиси маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG