Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусаллаҳон дар Покистон чор бонуи корманди созмони ҷамъиятиро куштанд


Вазиристони Шимолӣ
Вазиристони Шимолӣ

Ҳамлаи ҷангиёни эҳтимолӣ ба мошине дар минтақаи шимолуғарби Покистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, боиси кушта шудани чаҳор бонуи фаъоли ҷамъиятӣ ва маҷрӯҳ шудани ронандаи онҳо шуд. Шафиулло Гандапур, раиси полиси ноҳияи Вазиристони Шимолӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла рӯзи 22 феврал дар деҳаи Иппии шаҳри Миралӣ рух дод. Раҳбари полис гуфт, ки ҳамлагарон баъди ин ҳамла ба сӯи кӯҳҳо паноҳ бурданд ва нирӯҳои амниятии ба минтақа сафабаршуда онҳоро ҷустуҷӯ доранд. То ҳол ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Мақомот гуфтанд, ки қурбониҳо аз як созмони хайрияи “Сабавун” буданд ва ин созмон ба занҳое, ки мехоҳанд аз хона истода ҳунари тиҷорату соҳибкориро ба роҳ монанд, дарсҳои омӯзишӣ дода, бонувонро аз ҳақу ҳуқуқашон огоҳ мекунанд. Моҳҳои охир ҷангҷӯён дар Покистон ҳамлаҳои худро афзоиш додаанд ва чунин ҳаросе вуҷуд дорад, ки онҳо дубора қароргоҳҳои Толибонро барқарор мекунанд. Ҷангҷӯён бисёр вақт инчунин ба нирӯҳои мустақар дар марз бо Афғонистон ҳамлаҳо мекунанд.

Дар ҳодисаи ҷудогонаи дигар 21-уми феврал афроди мусаллаҳ дар маҳаллаи бо номи Шева як нафарро куштаву 8 тани дигарро гаравгон гирифтанд. Дар миёни гаравгонҳо ходимони давлат ҳам ҳастанд ва амалиёти ҷустуҷӯи ин нафарон ҳам идома дорад. Нирӯҳои амниятии Покистон июни соли 2014 дар ҳамин минтақа амалиёти азими зидди Толибонро ба роҳ монда иддао карданд, ки ин маҳал дигар амн шудааст. Вале сокинони маҳаллӣ шикоят мекунанд, ки афроду гурӯҳҳои мусаллаҳ дар талоши бозгашт ба минтақа мебошанд.

XS
SM
MD
LG