Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад


Фарҳод Восиев, ҳимоятгари 30-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба бошгоҳи «Тамбов»-и шаҳри Тамбов, ки дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад, гузашт.

«Тамбов» баъди натиҷагирии даври 19-уми Премйер-лигаи Русия бо касби 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар минтақаи хатар – ҷойи охирин - қарор дорад. Бошгоҳ бо мушкилоти молӣ рӯбарӯст ва ахиран бо кӯмаки молии Премйер-лигаи Русия ширкати худро дар мусобиқот идома медиҳад.

«Тамбов» дар даври 1/8 финали Ҷоми Русия рӯзи 21-уми феврал дар Маскав аз бошгоҳи «Локомотив» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ Фарҳод Восиев аз аввал то интиҳои дидор дар ҳайати дастаи «Тамбов» иштирок дошт.

Фарҳод Восиев 14-уми апрели соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2006 дар дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Ӯ солҳои 2007-2009 дар ҳайати дувуми «Сатурн»-и Раменское капитан ё сарвони даста буд. Дар ҳайати асосии «Сатурн» бошад, ду бозӣ анҷом додааст.

Фарҳод Восиев, ки инчунин шаҳрвандии Русияро пазируфтааст, соли 2010 дар «Криля Советов» (Самара), соли 2011 дар «Жемчужина-Сочи» ҳунарнамоӣ кардааст. Аз моҳи августи соли 2011 узви дастаи «Шинник»-и Ярославл буд.

Баъдан дар бошгоҳҳои «Волгар»-и Астрахан, «Оренбург»-и Оренбург, «Истиклол»-и Душанбе, «Тюмен»-и Тюмен ва «Нефтехимик»-и Нижнекамск ҳунарнамоӣ кардааст.

Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст. Вай ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) мебошад. Аз соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG