Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон мегӯянд, баъди гирифтани ваксинаи COVID бепарвоӣ накунед.ВИДЕО


Парастори покистонӣ ваксинаи зидди коронавируси навро мегирад.
Парастори покистонӣ ваксинаи зидди коронавируси навро мегирад.

Эҳтимолан, шумо ҳам дар оянда ваксина бар зидди COVID мегирад, вале ин маънои онро надорад, ки бояд ниқобро дур андозеду, фосилагирии иҷтимоиро риоят накунед.

Тамар Сиваслян, як табиби амрикоӣ онҳоеро муоинаву муолиҷа мекунад, ки оқибатҳои сахти бемории COVID-19-ро пушти сар кардаанд. Ӯ мегӯяд: “Ман дар як шуъбаи эҳёгарӣ кор мекунам ва бо беморони зиёде, ки COVID-ро пуштисар кардаанд, сарукор мегирам. Онҳо бисёр вазъи баде доранд, заъиф ҳастанд, ҳанӯз ҳам ба оксиген ниёз доранд. Мо ҳамчунон бастани ниқоби тиббиро идома медиҳем, зарур бошад, аз ниқобҳои навъи Эн-95 истифода карда, аз ҳам фосила мегирем”.

Чунин кор ба он хотир аст, ки ҳанӯз маълум нест, ки агар касе воксина гирифта бошад, шахси амну бехатар шудааст ё на. Мишел Ҳейслер, мудири як созмони тиббист. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди гирифтани ваксина имкони сироят ба дигарон вуҷуд дорад: “Дар ҷисми шумо як миқдор вирус буда метавонад, ки шуморо азоб намедиҳад, вале, аз роҳи сулфа, оби бинӣ ваё суҳбати наздик бо дигарон паҳн мешавад.”

Табибон мегӯянд, баъди гирифтани ваксина бепарво набошед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Табибон аз нафарони ваксина гирифта даъват мекунанд, ки ҳатман эҳтиёткор бошанд. Вилям Шаффнер, профессори Донишгоҳи Вандербилт: “Мо мехоҳем, ки таблиғи доштани ниқоби тиббӣ дар миёни мардум идома ёбад. Дуруст нест, ки як гуруҳ бо ниқобу гуруҳи дигар бениқоб гарданд. Ин чиз қобили қабул нест. Доштани ниқоб барои як муддат бояд маъмулӣ шавад. Вақташ, ки расид, шуморо огоҳ мекунем, ки дигар ниқоб напӯшед.”

Табибон инчунин мегӯянд, ки фақат як ваксина гарави эмин мондани дигарон аз вирус буда наметавонад, чунки навъҳои нави тағйири шакл кардаи COVID-19 ҳам пайдо мешаванд. Донишмандон мегӯянд, ки ҳоло намедонанд, ҳар як ваксина чӣ муддат таъсир хоҳад дошт, вале эмкунӣ баъзе маҳдудиятҳоро сабук кардан мумкин аст.

Уилям Шаффнер, профессори Донишгоҳи Вандербилт: “Масалан шумо мехоҳед, бо бобову бибӣ ва ё дигарон вохӯред. Агар онҳо ва шумо ҳам воксина гирифтед, метавонед бо ҳам бошед. Вале агар ваксина гирифта бошанд, оё шумо метавонед, ба дидорбинӣ биравед? Ман мегӯям, бале, вале бисёр эҳтиёткор бошед.”

Ҳоло ҳеч як табиб гуфта наметавонад, ки кай зиндагӣ ба ҳолати пешина бармегардад, вале ҳамин чиз маълум аст, ки шумори ҳарчи бештари сокинон бояд ваксина бигиранд.

XS
SM
MD
LG