Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси роҳҳои кам кардани танфурӯшӣ дар Тоҷикистон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Назари шумо дар бораи ҷазо додани мардоне, ки аз хидмати танфурушон истифода мебаранд, чӣ ҳаст? Дар Тоҷикистон чунин пешниҳоде карданд, то ба гуфтаи мақомот, танфурушӣ кам шавад.

Ба ақидаи намояндагони Кумитаи занон, агар як мард, ки бо танфурӯше мехобад, ҷазо бигирад, дигар духтароне, ки нимашаб дар сари роҳу кӯчаҳои хилват мунтазири мардон мемонанд, муштарӣ намеёбанд.

Воқеан ҳоло дар Тоҷикистон барои танфурушӣ ҷарима ҷазо, яъне ҷарима таъйин шудааст ва онҳоро аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима мекунанд. Ҳабси 15 рӯза ҳам барои ин қонуншиканӣ вуҷуд дорад.

Баҳси роҳҳои коҳиши танфурӯшӣ дар Тоҷикистон дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:45 0:00

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ин масъала ҳафтаи гузашта бахусус дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук баҳси дарозеро барангехт ва қисме аз мардум ҳам гуфтаанд, бисёр хуб мешавад, ки мардон ҳам ҷазо бигиранд, қисми дигар гуфтаанд, ҳеҷ гуна ҷазое танфурӯширо аз байн намебарад.

Аз ҷумла корбаре, ки худро Байден Борелл муаррифӣ карда ва чунин навиштааст: “Пеши роҳи ин касбро дар ягон кишвар гирифта намешавад! Баъзеи инҳо фарзанд доранд, онҳоро хӯрондан даркор. Азбаски ҷойи кор нест, онҳо ба чунин кор даст мезананд. Кор нест, хона нест, чӣ кор кунанд. Муштариёншон ҳам коргарони давлатанд.”

Бисёре аз корбарони мард дар саҳифаи Радиои Озодӣ духтарону занонро гунаҳкор кардаанд, ки бо танфурушӣ ба ақидаи онҳо ахлоқи ҷомеаро вайрон мекунанд. Теъдоде аз корбарони зан гуфтаанд, ки ақидаи ғалат аст ва гуноҳи мардон ҳам бештар аз гуноҳи онҳоест, ки танфурӯшӣ мекунанд. Шарҳи Асрия Додомирзоеваро аз саҳифаи Радиои Озодӣ аз Фейсбук мехонем.

“Муштарии ҳамон зан, мардҳо ҳастанд, ягон ҷонвари дигар не. Барои ҳамин ҷазо бояд аз ду тараф бошад, чун гуноҳашон баробар аст. Занони тоҷикро худи мардони тоҷик истифода мебаранд, на бегонагон.”

Дар воқеъ бисёре аз корбарони зан тарафдор будаанд, ки дар Тоҷикистон қабул шавад ва мардонро барои ҳамхобагӣ бо танфурушон ҷазо диҳанд. Ситора Камолова, яке аз корбарони саҳифаи мо дар Фейсбук аз ҷумлаи онҳост, ки чунин навиштааст:

“Бисёр олӣ мешавад. Чӣ хуб аст, агар акси ҳамон мардонро ҳам нашр кунанд, зеро ман худам ингуна мардонро мешиносам, ки аз худ фаришта месозанду ба масҷид мераванд, вале ин корро мекунанд. Мехоҳам, ин мардҳоро нишон диҳанд, ки дигар аз шарм ба кӯча баромада натавонанд, чӣ расад ба масҷид.”

Теъдоди зиёди дигаре аз корбарон гуфтаанд, ки ҳеч гуна ҷазое танфуруширо аз байн намебарад, зеро ин касб ҳазорон сол аст, ки вуҷуд дорад ва ҳеч кишваре ҳам натавонистааст, онро аз байн барад. Шарҳи Ҷунайдулло Худоёровро аз саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук мехонем:

“Пешбинӣ кардани ҷазо барои муштариёни занони танфурӯш роҳи ҳалли мушкилот нест. Барои мисол, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон возеҳу ошкор барои нафароне, ки даст ба ришваву фасод мезананд, ҷазо пешбинӣ кардааст, вале баъзеҳо ба самти он ҷиноятҳо мераванд. Занҳои танфурӯшро агар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин кунанд, дигар ба ин кори паст даст намезананд!”

Корбари дигаре ҳам гуфтааст, ки таъйини ҷазо барои муштариёни танфурӯшон, онҳоро аз сари роҳу кӯчаву паскӯчаҳои хилват ҷое намебарад. Роҳи дуруст ба ақидаи ӯ, дигар чиз аст, на сахттар кардани ҷазову танбеҳ. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро Сомон Я муаррифӣ кардааст:

«Албатта мубориза бурдан бо ин амал шарт ва зарур аст, аммо на бо сахттар кардани қонун, балки бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ташкили шароити мусоиди кор ва ғайра. Дигар ин ки талаботи физиологии одамро ба инобат гирифтан даркор, хоҳ нохоҳ ба ин чиз талабот ҳаст ва хоҳад монд, ин кори хело бад аст аммо ба кам шудани таҷовуз мусоидат менамояд.”

Корбари дигаре ҳам ақидаи монандеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навишта ва гуфтааст, ки пеши роҳи танфуруширо наметавон гирифт, вале метавон онро камтар кард ва ё нагузошт, ки дар ин давраи мушкилу бекориву камбизоатӣ дар Тоҷикистон боз ҳам зиёд шавад. Ба қавли ин корбар, ки худро Мурод Раҳимов муаррифӣ кардааст, ки агар ҷудоии оилаҳо кам бошад, танфурушӣ аз ночорӣ ҳам кам мешавад.

Шарҳаш чунин аст: “Ба фикри ман ҷавонони ҳозира оиладориро ҷиддӣ намегиранд, барои онҳо ҳаёти кас, гӯё, ки бозӣ аст. Аз ин сабаб занони ҷавон байни замину осмон мемонанд ва албатта шароити зиндагӣ онҳоро ба ҳар тараф мебарад. Агар ҷудоии оилаҳо кам мешуд, танфурӯшӣ ҳам кам мешуд.”

Дар ин миён як корбари дигаре бо номи Памир Горетс навиштааст, ки инҷо духтарони танфуруш ҳеч гуноҳе надоранд, инҷо гунаҳкор ҷомеа аст, ки онҳоро ба ин роҳ мебарад.

Шумо чӣ мегӯед. Хомӯш набошеду нависед ва ё дар видео сабт кунеду ба мо бифристед. Ба ин телефоне, ки мебинед, (+420) 607 900 808 ва аз ҳар роҳе, ки мехоҳед, Вотсапп, Вайбер ва ё Телеграмму Имо. Вебсайти Радиои Озодӣ низ роҳи фиристодани видео дорад.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG