Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як низомии Горди миллии Тоҷикистон завҷа, хусур ва хушдоманашро ба қатл расонд


Як низомии Горди миллии Тоҷикистон бо истифода аз тапонча ҳамсар, хусур ва хушдоманашро куштааст. Ҳодиса нимаи дуввуми рӯзи шанбе рух додааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал хабар дод, ки Азаматулло Икромзода прапоршики қисми ҳарбии 051057 Гвардияи миллӣ дар нимаи дуввуми рӯзи шанбе дар заминаи як муноқиша бо истифода аз тапончаи “Макаров”ПМ, ҳамсараш, падари ҳамсараш ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст. Ба иттилои мақомоти милиса ҳодиса соати 14:30 дақиқаи рӯзи 20-уми феврал дар деҳаи волидони ҳамсараш деҳаи “Мадад”-и ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

Сабабу омилҳои сар зандани ин муноқишаи хунин ҳанӯз маълум нест. Вазорат мегӯяд, Азаматулло Икромзода аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст. Муфаттишони Додситонии кулл бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Назари наздикони ин афсар дастрас нашудааст.

XS
SM
MD
LG