Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳон таҳримҳои маъмурияти Байден алайҳи тарҳи “Норд стрим-2”-ро нокифоя хонданд  


Коргарон лӯлаҳои газро дар минтақаи вилояти Ленингради Русия васл мекунанд .
Коргарон лӯлаҳои газро дар минтақаи вилояти Ленингради Русия васл мекунанд .

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбати як киштии русиягӣ ва молики он, ки лӯлаи гази “Норд стрим-2”-ро аз Русия то ба Олмон месозад, таҳрими иловагӣ ҷорӣ кард, аммо ҷумҳурихон ин иқдомро танқид карда онро нокифоя хонаданд. Дар бораи таҳримҳои изофӣ дар гузориши рӯзи 19-уми феврали Департаменти давлатӣ ба Конгресс гуфта мешавад. Ду нафар аз вакилони ҷумҳурихоҳ маъмурияти президентро барои он, ки ба иншооти дигари марбут ба тарҳ таҳрим ҷорӣ накард, танқид карданд. Ҷумҳурихоҳ Майкл Маккол аз иёлоти Техас гуфт, ҷорӣ кардани як таҳрими дигар бар замми онҳое, ки буданд кофӣ нест, чун иродаи вакилонро, ки мехоҳанд сохтмони лӯлаи газ мутаваққиф шавад, бароварда намесозад. Ҷим Риш сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлати Айдаҳо бо ҳимоят аз нигаронии ҳамтои худ гуфт, Конгресс доманаи таҳримҳоро махсус васеъ карда буд, ки ҳамаи корҳои марбут ба насби лӯларо фаро гирад, аммо дар гузориши худ Департаменти давлатӣ инро нодида гирифтааст.

ИМА ва чанде аз кишварҳои аврупоӣ зидди сохтмони лӯлаи газ ҳастанд. Ин лӯла содироти гази Русияро аз қаъри баҳри Балтик ҷудо аз қаламрави Украина ба Аврупо таъмин мекунад. Ин кишварҳо мегӯянд, ин лӯла боиси афзоиши мавқеи Кремл дар бозори энержии Аврупо мешавад. Нед Прайс намояндаи Департаменти давлатӣ гуфт ИМА муддатҳост ҳушдор дода буданд, ки “Норд стрим-2” тарҳи хубе нест ва агар ширктаҳо дар сохтмони он ширкат меварзанд зери хавфи таҳрим қарор мегиранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG