Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба муҳоҷирон ҳушдор дод, ки бе патент кор накунанд, вагарна ихроҷ мешаванд


Муҳоҷирони корӣ дар фурдугоҳи Внуковои Маскав, ки пас аз хуруҷи пандемияи короновирус дармонданд
Муҳоҷирони корӣ дар фурдугоҳи Внуковои Маскав, ки пас аз хуруҷи пандемияи короновирус дармонданд

Ҳукумати шаҳри Маскав ба муҳоҷирон ва кордиҳандагон ҳушдор додааст, ки бидуни патент фаъолият накунанд вагарна ихроҷ ва ҷарима мешаванд.

Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав рӯзи 18-уми нобяр бо нашри як изҳорот гуфтааст, бинобар хуруҷи пандемияи короновирус аз 15-уми март то 15-уми июни соли 2020 ба муҳоҷирон ҳақ дода шуда буд, пули патентро напрдозанд ва ҳам кордиҳандагон низ имкон доштанд бидуни патент муҳоҷиронро ба кор пазиранд. Аммо дар ин изҳорот гуфта мешавад, қисме аз муҳоҷирон пас аз анҷоми ин муҳлат ҳам фаъолияти худро бидуни патент идома доданд, ки ғайри қонунист.

Кирил Пуртов роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав гуфтааст, аз моҳи ноябри соли гузашта то январи 2021 дар 63 сохтмони биноҳо санҷиш гузарониданд ва 174 муҳоҷире ошкор шуданд, ки бидуни патент фаъолият доранд. Ин идораи ҳукумати Маскав гуфтааст, дар сурати бе патент кор кардани муҳоҷир ҳам худи ӯ ва ҳам кордеҳро ҷазо хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, дар сурати ошкор шудани фаъолияти муҳоҷир бе патент ӯро нахуст ҷарима ва баъдан аз кишвар ихроҷ мекунанд. Ҳукумати Маскав ҳушдор дода аст, ширкати кордеҳ, ки муҳоҷири бе патентро кор мефармояд аз 400 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима ва қатъи фаъолият ба муҳлати аз 14 то 90 рӯз таҳдид мекунад. Андози моҳонаи патент дар шаҳри Маскав барои муҳоҷирон 5341 рубл муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG