Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аломатҳои тағйирот дар равобити ИМА ва Эрон


Кӯчае дар Теҳрон
Кӯчае дар Теҳрон

Зоҳиран дар талоши поин овардани мизони таниш дар равобит бо рақиби деринааш ИМА гуфт, ки омода аст барои баррасии барномаи ҳастаӣ бо Эрон мулоқот кунад ва айни замон ҳаракати дипломатҳои эронии сабтиномшуда дар назди қароргоҳи СММ-и воқеъ дар Ню-Йоркро сабуктар кард. Рӯзи 18 феврал маъмурияти ИМА инчунин Шӯрои амниятро огоҳ кард, ки моҳи сентябри соли 2020 аризаи президенти собиқ Доналд Трампро, ки таҳримҳои СММ-ро болои Эрон барқарор мекард, бозхонд карда буд. Дар номааш иҷрокунандаи сафири ИМА дар СММ гуфт, таҳримҳое, ки бояд моҳи август аз нав тасдиқ шаванд, “боздошта мешаванд”. Ин таҳаввулот баёнгари тағйирот дар лаҳни Вашингтон бо Теҳрон мебошад. Трамп бо Теҳрон аз шеваи бисёр шадидлаҳн кор гирифт ва ин кишварро дар хушунатҳои Ховари Миёнаву талоши истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ гунаҳгор кард, ки худи Теҳрон инро ҳамеша рад кардааст. Соли 2018 Трамп аз созиши ҳастаии қудратҳо бо Эрон, ки соли 2015 имзо шуда буд, хориҷ шуд ва нисбати Теҳрон таҳримҳои бисёр шадид ҷорӣ намуд. Баъди он Эрон шартушурути созишро нақз кард.

Президент Ҷо Байден изҳори омодагӣ кард, ки ба шарти аз ҷониби Эрон иҷро шудани созиши соли 2015 омода аст таҳримҳоро сабук кунад ва бо Теҳрон вориди музокирот шавад. Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки даъватномаи Иттиҳоди Аврупо барои ширкат дар ҷаласаи имзогузорони созиши ҳастаиро қабул хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG