Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 18-уми феврал дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, як зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 1144 имтиёз дар ҷойи 120-ум қарор гирифт.
Дар ин феҳрист мисли пешин Белгия бо 1780 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1755 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1743 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб гаштааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 29-ум, 1496 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 38-ум, 1465 имтиёз) мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (24-ум, 1521 имтиёз), Русия (39-ум, 1461 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1283 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (122-юм), Литва (129-ум), Туркманистон (132-юм), Латвия (136-ум) ва Молдова (177-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудааст.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев моҳи январи имсол дар Дубай бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом дод ва дар бозии аввал бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда, дар бозии дувум бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” ба далели пандемияи COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Феҳристи FIFA аз 18-уми феврали соли 2021 (даҳгонаи аввал):
1 (1). Белгия - 1780;
2 (2). Фаронса - 1755;
3 (3). Бразилия - 1743;
4 (4). Англия - 1670;
5 (5). Португалия - 1662;
6 (6). Испания - 1645;
7 (7). Аргентина - 1642;
8 (8). Уругвай - 1639;
9 (9). Мексика - 1632;
10 (10). Италия - 1625;
Кишварҳои ИДМ:
Украина – 1521 имтиёз; ҷойи 24-ум
Русия - 1461; - 39-ум
Узбекистон - 1283; 85-ум
Беларус - 1269; 88-ум
Гурҷистон - 1267; 89-ум
Қирғизистон - 1240; - 96-ум
Арманистон - 1233; 99-ум
Озарбойҷон - 1180; 108-ум
Эстония - 1180; 108-ум
Тоҷикистон - 1144; 120-ум
Қазоқистон - 1142; 122-юм
Литва - 1114; 129-ум
Туркманистон - 1107; 132-юм
Латвия - 1082; 136-ум
Молдова - 950, 177-ум.
Худованд ба падару модари азиз сабри чамил дихад, чойи мархумро Чаннат гардонад. Ба ин кор муаллимонро гунахкор хисобидан танхо аблахист. Гунахкори асосиро бояд тибки конун чазо дихем. Ба чойи салла калла оварданро як суй бояд гузорем. Конун дар тамоми дунё волоият дорад. Дигаронро, яъне шахсони бегунохро (муаллимону падару модару хамсоягон ва гайраро) гунахкор кардан ба фоидаи чинояткорону кормандони макомоти хифзи хукук аст!!!
Сиесати пешгирифтаи давлати Точикистон нодуруст аст ,ин корхо исбот ,хама медонад ки Точикистон аз як шахрвандаш дифоъ накардаст масалан Каромат Шарипов барин одамхо ,баракс тавонову шеронро ба хок яксон карданд ,кариб мухофиз намонд ,ки гунахкор аст ,сустии мо ба хама айен аст, фикр мекунам аз ин бадтар нашавад
Хизмат мерафтаги бояд 28 хазор маош гирад гайр аз хурока бад ин кор дуруст ,интавр рохи гурезро хама пеш мегирад ,ба чои вай шахс, шахси дигар чавоб гу нест .
Точикистон давлати демократист, бояд Хукумат дар дасти АКСАРИТ ( яъне халк) бошад аммо мутаъсифона руз то руз Хукумат ва Кудрат дар дасти АКАЛИЯТ (яъне ашхоси хурде ки хокимиятро ба зури ба даст гирифтаанд)...хело чои таасуфаст ва ояндаи халки точик зери аломати ? Мемонад бо ин режим ва сиёсати хозира...
Шармам меояд худро дар ҷойе Тоҷик муаррифӣ кунам. Дар ҳама сархати расонаҳо , Аз ҳама давлати қашоқ , Ҳокимияти Диктотури , Иқтисодӣ заифу фасод дар ҳар бахши давлатдори, ва Муҳоҷират.