Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Узбекистон мулоқот кард


Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон бо Абдулазиз Комилов вазири корҳои хориҷаи Узбекистон, ки бо як сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дидор ва мулоқот кард.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур рӯзи 18-уми феврал навишт, ки дар ин мулоқот президент Раҳмон гуфтааст, муносибат бо Узбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон “хусусияти афзалиятнок” дорад.

Дар ин дидор, Абдулазиз Комилов паёми Шавкат Мирзиёев президенти Узбекистонро, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо” даъват кардааст, расонид.

Комилов, ки бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе омадааст, ҳамчунин бо ҳамтои худ Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷа ҳам дидор ва гуфтугӯ доштааст. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.

Ин нахустин сафари Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон баъди пандемияи коронавирус аст. Пас аз Душанбе қарор аст, Комилов ба Туркманистон ва Қазоқистон сафар кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG