Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021”, ки имрӯз, 18-уми феврал, дар пойтахти Исроил – Тел-Авив шуруъ мешавад, Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа иштироки 422 варзишгар (248 мард ва 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – дохиланд.
Рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми феврал – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегардад. Дар рӯзи дувум – 19-уми феврал - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.
Бар асоси қуръакашӣ рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ маълум шуданд. Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми феврал – се паҳлавони тоҷик ба рақобат мепардозанд. Сомон Маҳмадбеков бо ғолиби ҷуфти Рока Салвадор Касес (Испания) - Адам Стодолски (Лаҳистон) қувваозмоӣ мекунад. Беҳрӯзи Хоҷазода бо варзишгари узбек Ҷалолиддин Бойназаров вориди рақобат мешавад. Акмал Муродов бошад, бо Александр Виежерзак аз Олмон рақобат хоҳад кард.
Дар рӯзи севуми мусобиқа – 20-уми феврал – Комроншоҳи Устопириён бо Юто Галаррето Виллар аз Перу, Темур Раҳимов бо Ерассил Кажибоев аз Қазоқистон ва Шакармамад Мирмамадов бо Наор Итаҳ аз Исроил қувваозмоӣ мекунанд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз, барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад.
Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.
Зимнан, “Tel Aviv Grand Slam” ин дувумин мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов - иштирок карданд.
Аз байни онҳо натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов ба даст овард. Ин паҳлавони 23-солаи тоҷик дар вазни сангинтарин (+100 кг) аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, дутоашро бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.
Салом. Бародарони тоҷик шумо фақат бо забони русси ин калимаро дар (гугл ё яндекс) КАРТА ПЕРСИДСКОЕ ЦАРСТВО сирт (поик) кунед мебинед, ҳақиқати заминро, ки аз хитой ҳаст ё форсҳо.
Маълум мешавад ки ин давлат не дар дорад не дарвоза бо сархадбонаш. Чи хел мешавад ки шахси ки нисбаташ додгох хукм баровардааст ґайб мезанад , ин нозири минтакавии ки додрас зиндаги мекард чи кор мекунад ки гумонбар ґайб задааст.?
офарин сад офарин хеч гох нагузоред мардум ки ин кавми аъчучу маъчуч сарзамини азизи моро ки аз тули касрхо аз ачдодонамон мондааст гасб кунанд!бо хам биеед!махалгарои накунед!мо дируза чанги бародаркуширо набояд такрор кунем ки 200хазор нафар мардуми Ватанамон фавтиданд !афсус афсус!точикистон ба пеш!
Чи гунае агар таьрихро таьрихнигорон тоб диханд Осие миена ва худуди Точикистони имруза ва шарки он ва Афгонистону Покистону Хиндустони шимоли асло худиди Чинихо набуданд ва Чинихо танхо рохи тичоратро пеш гирифта буданду аз лашкаркаши метарсиданд ба ин худудхои ва пеш аз ислом низ асло фикри Осиеи Миенаиро намекардан ва аз Сосониену Кушониен метарсиданд ва агар дар Шарки дур ва Аврупо гуломхо сиехтан буданд пас дар Худуди Сосониену Хакони Турк аслан гулому канизакхои Форсу Эрони ва Турку Сосониву Кушони чини табор буданд зеро занхои Чинихо Аслан зебошакл ва модел буданд ба кавли имруза, ки хар як хонадону точику турку форс як тои канизи чини доштанд ва хатто арабхо ончунон мафтуни сохиб шудани гелмон (чинси наринаи чиние, ки аз мардинаги ба хотири гуломи даст кашида буданд)ва канизи чини буданд, ки ба хотири ин ва танхо ин, ба мулки Сосони хучум карданд танхо бо хотири ба даст овврдани гулому канизи чини ... Ва он нафарони беномусе, ки модаронни худро раккосаи чини меноманд бояд инро донанд... Ва аз ин сабаб пеш аз ислом Империяи Тани Сугди шакле, ки аслан аз сарчашмаашон мардони Форсу Турк буданд ташкил ефт ва ба хотири ирси хешу табори, ва тичорати гуломфурушии чини ба гарбу шарки дур рохи Осиеи Миенаро пеш гирифтанд на ба хотири ба даст овардани ин худудхо Ин матолиб аслан матолиби тахкири нест ва хадаф танхо нишон додани таьрихи ин минтакааст ва умед аз РО он аст ки инро чоп кунанду фаромушгарони таьрихи худ аккалан андакхам бошад бубинад ва ягон мазмуни сиеси ин матолиб надорад... Ва дар гузаштаву хозираву оянда мо сохибони гарби Чину Осиеи Миена ва Шарки дур хастем на ачнабиен хатто арабхову хиндухо хуни Форсу Точики ва Сугдиву Турки доранд Чи расад ба Чини Бостониву Чини пуркувати имруза яьне фарзандони Чини фарзандони мо низ хастанд, ба мисли оне, ки Аврупои шарки Ориеи начоданд чинихо низ Ориеи ва куриеи хастанд...
бисер мавзуи мухимро устод думболагири кардед ,мавзуи руз ,мавзуи гуфтани то хамаги бидонанд ки точикхо миллати аслии ин макону манзил,хитои агар таммадун мебуд хеч вакт мору каждум намехурд