Дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе ба финали Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2021 роҳ ёфтанд.
«Хатлон» дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки имрӯз, 17-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳарду голро легионер Жан Гатен ба самар расонид.
Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Истиқлол»-и Душанбе «Регар-ТадАЗ-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ба ду голи футболбозони «Регар-ТадАЗ» - Шерзод Маҳамадиев ва Диловаршо Ғаниев, бозигарони «Истиқлол» - Манучеҳр Ҷалилов (аз пеналти), Салам Ашурмамадов ва Зоир Ҷурабоев - бо се гол посух доданд.
Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки рӯзи шанбеи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:00 шуруъ мешавад, «Хатлон» ва «Истиқлол» бо ҳам рақобат мекунанд.
Дастаҳои "Равшан" ва "Регар-ТадАЗ" барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Ин бозӣ. 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 11:00 оғоз меёбад.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2021
17-уми феврал (чоршанбе)
Даври ниманиҳоӣ
«Хатлон» – «Равшан» – 2:0
Голҳо: Жан Гатен НД, 33 (1:0). Жан Гатен НД, 90+2 (2:0).
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 5 (0:1). Диловаршо Ғаниев, 26 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 56 – аз пеналти (1:2). Салам Ашурмамадов, 77 (2:2). Зоир Ҷурабоев, 82 (3:2).
20-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷойи севум
11:00 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ». Варзишгоҳи марказии Ҳисор
Финал
15:00 – «Хатлон» – «Истиқлол». Варзишгоҳи марказии Душанбе
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2020):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
Радиои Озодӣ аз шарма дига шарҳи мора пахш намекна, хахаха!!! Бо мо ак фикри хдмрна гуфта бдем, бо мо ак ба и радио бовар мекардем. АФСУС, Сад АФСУС!!!
Чунин гузаргоххоро дар дигар минтакахои марзй кушода тичоратро ривоч бояд дод.Аммо шарт гузоштан лозим ки савдо бо пули точикй сурат гирад.
Дар солҳои 1993,кадом аскар ки аз ҷанг сар мекашид,паронда ба дарё меандохтандшон.Худо иедонаду, мумкин ҳаминҳо ҳам саркаши кардаги бошанд.номаъдум,дузд яку,гумон ҳазор
МО АЛАКАЙ БА ДАСГОХИ ПРЕЗИДЕНТ МАКТУБ КАРДЕМ МЕБИНЕМ ЧИ ЧОРА МЕБИНАНД АГАР НАШУД БАД БА ХУДИ ПРЕЗИДЕНТ ШИКОЯТ МЕКУНЕМ
Чаро Банан дар Авгонистон 5 сомон як пачкаш дар точикистон 1 донаш 4-5 сомон?Авгонистонам банан и истехсол намекунад ку Хамихел гурезохои авгони мегуянд