Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи НАТО вазъ дар Афғонистон, Русия ва Чинро баррасӣ мекунад


Кӯмакҳои тиббии НАТО ба нирӯҳои миллии Афғонистон
Кӯмакҳои тиббии НАТО ба нирӯҳои миллии Афғонистон

Вазирони дифои узви НАТО рӯзи 17-уми феврал ҷаласаи дурӯзаи худро шурӯъ мекунанд ва ояндаи ҳузури нирӯҳои НАТО дар Афғонистону чолишҳои Русияву Чин дар маркази баррасиҳои ин нишаст қарор мегирад. Ин аввалин ҷаласаи НАТО баъди сари кор омадани маъмурияти президент Ҷо Байден дар ИМА мебошад. Байден гуфтааст, ки ИМА созиш бо Толибонро аз назари пойбандии гурӯҳи шӯришӣ ба шартҳои он бозбинӣ мекунад. Бар асоси мувофиқаҳои порсолаи ИМА ва Толибон, нирӯҳои хориҷӣ бояд то моҳи май Афғонистонро тарк кунанд ва бар иваз, гурӯҳи шӯришӣ замонат медиҳад, ки амният риоя мешавад. Вале бо вуҷуди шурӯи музокираҳои мустақими мақомоти Афғонистон ва Толибон дар моҳи сентябр дар Қатар, хушунатҳо дар Афғонистон кам неву зиёд мешавад ва ин чиз шубҳаро дар миёни аъзои НАТО эҷод кардааст, ки то куҷо хуруҷи нирӯҳо аз ин кишвар дуруст мебошад.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки ҷангиёни Толибон барои иҷрои шартҳои созиш бояд талоши бештар ба харҷ диҳанд.

XS
SM
MD
LG