Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз ИМА хостанд, ба созиши порсола содиқ бимонанд


Як узви Толибон. Урузгон
Як узви Толибон. Урузгон

Толибони афғон аз ИМА даъват кардаанд, ки ба паймонашон бо ин ҷунбиши исломӣ содиқ монад. Бар пояи созиши ИМА ва Толибон, ки соли гузашта дар Қатар ба имзо расид, нерӯҳои хориҷӣ мебоист дар ҷавоб ба кафолатҳои амниятии Толибон то охири моҳи майи соли равон аз Афғонистон берун мешуданд. Вазири умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ дар шабакаи Твиттер навишт, ки беҳтар мебуд, агар Толибон ба ҷойи талаби беруншавии нерӯҳо ҷангро бас карда, музокироти маънодори сулҳ раҳандозӣ мекарданд. Маъмурияти президенти ИМА иброз доштааст, ки бандҳои созиш бо Толибон ва садоқати ҷунбиши исломӣ ба ин санадро баррасӣ дорад. Тибқи ин созиш Толибон бояд оташбасро риоят намуда, бо ҳукумати Афғонистон сари мизи музокирот менишастанд. Моҳи гузашта вазорати мудофиаи ИМА Толибонро бо идомаи хушунат ва худдорӣ аз маҳкум намудани созмони террористии Ал-Қоида муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG