Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, то охири июл ҳар як амрикоӣ эм карда мешавад


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

Президенти ИМА Ҷо Байден мегӯяд, ки то охири моҳи июл ҳар як шаҳрванди Амрико ба ваксинаи зидди COVID-19 дастрасӣ пайдо хоҳад кард. Дар гузашта Байден пешбинӣ мекард, ки дар фасли баҳор ваксина дар ихтиёр хоҳад буд, вале мақомдорони Қасри Сафед исрор меварзанд, ки дар тавлиди миқдори зарурӣ ва интиқоли ваксина ба минтақаҳо мушкилӣ пеш омад. Байден ҳамчунин гуфтааст, ки ҷонибдори зудтар боз шудани мактабҳо буда, аз эмгузаронии муаллимон пуштибонӣ мекунад. Дар мулоқоти рӯзи сешанбе хабарнигорон аз Байден дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Чин ва ба вижа, аҳволи мусулмонон дар вилояти Шинҷони Чин суол карданд. Президенти ИМА гуфт, таъқиби мусулмонони Шинҷон, бахусус уйғурҳо ва нигаҳдошти онҳо дар урдугоҳҳои тарбиявӣ барои Чин паёмадҳои муайян хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG