Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати низомии Мянмар аз ғасби қудрат ҳимоят кард


Янгон, 16 феврал. Эътирозгарон дар муқобили сафорати ИМА ҷамъ шудаанд
Янгон, 16 феврал. Эътирозгарон дар муқобили сафорати ИМА ҷамъ шудаанд

Фармондеҳони низомии Мянмар дар нахустин нишасти матбуоти худ 16 феврал аз ғасби ҳукумати маданӣ дар ин кишвар дар таърихи 1 феврал ҳимоят карда гуфтанд, ки ин кудато неву посух ба тақаллуби натиҷаҳои интихоботи порсол мебошад. Дар изҳороти сухангӯи низомиён гуфта шуд, ки баъди интихоботи нав назорат бар ҳукумати маданӣ барқарор мешавад. Генерал Зав Мин Тун гуфт, “ҳадафи мо баргузории интихобот ва ба ҳизби барандаи он додани қудрат мебошад”.

Низомиён нагуфтанд, ки интихоботи нав кай баргузор мешавад, вале таъкид карданд, ки ҳолати изтирории ҷоришуда як сол идома мекунад.

Ғасби қудрат аз ҷониби низомиён ва ҳабси раҳбарияти мадании кишвар, аз ҷумла Аун Сан Суҷӣ боиси эътирозҳои сартосарӣ дар Мянмар шуд. Рӯзи 16 феврал ҳам эътирозҳо идома ёфт. Як рӯз пеш аз он раҳпаймоиҳо ба задухӯрди миёни нирӯҳои амниятиву эътирозгарон бадал шуд.

Дар Янгон, ки шаҳри калонтарини Мянмар аст, полис роҳҳоро ба самти Бонки Марказӣ баст. Ин дар ҳоле буд, ки дар миёни эътирозгарон овозаҳо паҳн шуд, ки низомиён мехоҳанд пулҳои ин бонкро ғасб кунанд. Рӯзи дуюм аст, ки дастрасӣ ба интернет ҳам қатъ шудааст.

Идомаи тазоҳуроти зидди ҳукумати ҳарбиён дар Мянмар

Дар ҳамин ҳол, вакили Аун Сан Суҷӣ гуфт, ки нисбати ӯ парвандаи дуюми ҷиноӣ боз шудааст. Ин раҳбари бонуфузи кишвар пеш аз он барои гӯё қочоқ кардани дастгоҳҳои радиоӣ ҳабс шуд.

Низомиён иддао карданд, ки гӯё дар интихоботи моҳи ноябри порсол, ки бо пирӯзии ҳизби Сансуҷӣ анҷомид, тақаллуб роҳ ёфт. Комиссиюни давлатии интихоботӣ гуфт, ҳеҷ далеле надорад, ки ин иддаоҳоро тасдиқ кунад.

XS
SM
MD
LG