Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷои “Ҷал-Ҷам” қарор аст, "шаҳраки замонавӣ" бунёд шавад


Бозори "Ҷал-Ҷам" бо фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул буд
Бозори "Ҷал-Ҷам" бо фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул буд

Мақомот мегӯянд, дар ҷои собиқ бозори “Ҷал-Ҷам” дар Душанбе шаҳраки нави замонавӣ бунёд мешавад. Ба гуфтаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт, тибқи лоиҳа, шаҳраки мазкур аз биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, кӯдакистон ва мактаб барои 1200 нафар иборат хоҳад буд. Бозори бузурги масолеҳи сохтмонии “Ҷал-Ҷам”-и Душанбе аввали соли 2020 вайрон карда шуд. Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба маҷмааи нави савдои “Кӯшониён” дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 кӯчонида шуданд. Дар Душанбе дар давоми беш аз даҳ соли ахир чанде аз бозорҳо, аз ҷумла, “Шоҳмансур” ва “Баракат” вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо боғ ва ё биноҳо сохта шудаанд. Аммо тасмими тахриби бозорҳо ва ба ҷойи дигар кӯчонидани тоҷирон ҳамеша бо нигаронӣ ва норозигии фурӯшандаҳо ҳамроҳ будааст.

XS
SM
MD
LG