Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен ба таҳқиқи мушакборони Курдистони Ироқ даъват кард


Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен даъват кардааст, ки ҳодисаи мушакборони минтақаи Курдистони Ироқ таҳқиқ шавад. Бар асари ин ҳамла, шаби 16 феврал дар канораҳои шаҳри Ирбил як нафар кушта ва панҷ каси дигар, аз ҷумла як ходими амрикоӣ, маҷруҳ шуданд. Блинкен таъкид кардааст, ки аз ин амал "хашмгин" буда, ваъда додааст, ки "дар таҳқиқи ҳамла ва ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони он кӯмак мерасонад". Дар изҳороти вазорати корҳои дохилии Курдистон гуфта шудааст, ки мушакҳо аз минтақаи ҷанубии Ирбил - назди марзи вилояти Киркук партоб шуда, дар маҳаллаҳои аҳолинишини канори фурудгоҳи Ирбил суқут намуданд. Низомиён мегӯянд, то ҳол масъули ҳамла ошкор нашудааст.

XS
SM
MD
LG