Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дар масъалаи узвияти Иттиҳоди Авруосиё мавқеи Тоҷикистон дигар нашудааст” 


5 феврали соли 2021, Алмаато. Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
5 феврали соли 2021, Алмаато. Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, мавқеи Душанбе дар масъалаи пазириши узвияти кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тағйир наёфтааст. Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 15 феврал дар як нишасти хабарии натиҷагирии сол дар Душанбе сӯҳбат мекард, дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё Тоҷикистон дар заминаи пешниҳоди узвият дар созмони зери назари Русия тасмиме гирифтааст, гуфт:

“Дар масъалаи шомилшавӣ ба Евразес мавқеи мо дигар нашудааст. Гурӯҳи байниидоравӣ оиди омӯхтани ҳама ҷанбаъҳои ин масъала фаъолият дорад. Ин гурӯҳ минбаъд низ тамоми ҷанбаъҳои ин масъаларо омӯхта ба ҳукумат пешниҳод мекунад. Мавқеи мо дигар нашудааст”.

Мақомоти сатҳҳои мухталифи Тоҷикистон давоми чандин сол аст мегӯянд, ки пешниҳоди узвият дар созмони минтақавии иқтисодиро “андеша доранд”.

Русия аз соли 2014 замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи "меомӯзем" ва "суду зиёнашро ба кишвар месанҷем", посух додааст.

Узвият дар иттиҳод интиқоли озоди мол, хидматрасонӣ, сармоя ва нерӯи кориро миёни кишварҳои узв пешбинӣ мекунад, вале бархе кишварҳои узв, мисли Қирғизистон мегӯянд, дар фикри тарки ин созмон ҳастанд, чунки бо сабаби пеш омадани мушкилоти иқтисодию сиёсӣ бо Қазоқистони ҳамсоя, шартушурути созмон дуруст иҷро намешавад. Як мушкили ҷиддии дигар дар нобаробарии вазъи иқтисодии кишварҳои узв аст, ки дар даромадҳои гумрукиву иқтисодии дигар кишварҳо таъсиргузор мешавад.

Ин дар ҳолест, ки аз назари бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз бозори кори Русия вобаста ҳастанд, узвияти кишвар дар созмони АвруОсиё метавонист ҳузури бемушкили онҳоро дар хоки Русия таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG