Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ду озмоишгоҳи нави илмӣ месозанд


Мақомот мегӯянд, Тоҷикистон озмоишгоҳҳои пешрафта надоранд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ду озмоишгоҳи нав – вирусологӣ ва дорусозиву дорушиносӣ таъсис диҳад. Фарҳод Раҳимӣ, раиси академия дар нишасти матбуотии 15-уми феврал дар Душанбе хабар дод, ки то охири соли ҷорӣ дар кишвар ду озмоишгоҳ – вирусологиву бактериологӣ ва Пажӯҳишгоҳи дорусозиву дорушиносӣ таъсис дода мешавад.

Ба гуфтаи вай, хуруҷи бемории COVID-19 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон водор кардааст, ки донишмандон ба масоили мубориза бо бемориҳои сироятӣ, вирусҳо ва сохти дору аз рустаниҳо бештар таваҷҷуҳ кунанд. Ӯ афзуд: “Нақшаи асосии мо дар соли 2021 таъсиси як озмоишгоҳи муҷаҳҳази вирусологӣ ва бактериологӣ мебошад. Имрӯз дар кишвар чунин як озмоишгоҳи муҷаҳҳаз вуҷуд надорад. То замоне, ки чунин як озмоишгоҳе надошта бошем, мо наметавонем, бо коронавирус ё вируси дигар муборизаи самаранок анҷом диҳем. Дар сурати набудани чунин озмоишгоҳ ва наомӯхтани худи штами ин вирус ё бактерия омӯзиши таъсирнокии он ғайриимкон аст”.

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки рушди соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои умдаи ҳукумат мебошад, зеро ба гуфтаи вай, беш аз 90 дарсади доруворӣ воридотӣ аст. Сокинон пайваста аз сифати бади доруҳои воридотӣ ва нархҳои баланди онҳо шикоят мекунанд. Ба ин далел, ба гуфтаи ҷаноби Раҳимӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст бар пояи озмоишгоҳҳои мавҷуд Пажӯҳишгоҳи дорусозӣ ва дорушиносӣ таъсис диҳад.

Феълан дар Тоҷикистон озмоишгоҳҳои давлативу хусусии зидди бемориҳои сироятӣ фаъолият мекунанд. Розиямоҳ Ашӯрова, табиби масуниятшиноси озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия мавсум ба “Гемотест” мегӯяд, ки дар шароити феълӣ мақомот намедонанд, ки дар оянда паёмадҳои COVID-19 ба чӣ шакл сурат мегирад ва ба ин хотир тасмим гирифтаанд пажӯҳиши вирусологиро тақвият диҳанд: “Пандемия ба зиндагии ҳамаи мо тағйирот ворид мекунад. Мо намедонем, ки оянда чӣ мешавад. То ҳамин охир ман худам гирифторони COVID-19-ро ташхис мекардам ва воқеият ин аст, ки теъдоди беморон то ҳадди ниҳоӣ кам шудааст. Аммо штамҳои нави бритониёиву африқоӣ пайдо шуданд. Ба эҳтимоли зиёд, мақомот мехоҳанд, бо таъсиси ин сохторҳои нав паёмадҳои ин вирусҳоро хубтар омӯзанд.”

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрели соли гузашта, яъне замони эътирофи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон, то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷон бохтаанд. Мақомот пофишорӣ доранд, ки тақрибан ду моҳи охир дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории ҳамагир сабт нашудааст, вале суолу шубҳаҳо дар ин замина низ боқист.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG