Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Мянмар идома доранд


Сарбозон дар беруни бинои Бонки миллии Мянмар
Сарбозон дар беруни бинои Бонки миллии Мянмар

Дар шаҳрҳои атрофи Мянмар бо вуҷуди қатъ кардани интернет ва таҷаммӯи зиёди нирӯҳои амниятӣ, боз ҳам мардум ба эътироз мебароянд. Дар дуюмин шаҳри калонтарини ин кишвар Мандалай рӯзи 15 феврал ҳазорҳо нафар бо шиорҳои “Раҳбари моро озод кунед” ва “Кӣ аз адолат пуштибонӣ мекунад?” раҳпаймоӣ карданд. Дар Янгон, шаҳри серҷамъияттарини Мянмар шумори эътирозгарон чандон калон набуд ва мошинҳои зиёди низомӣ ба чамш мерасад. Баъди ғасби қудрат дар Мянмар ва ҳабси раҳбарони маданӣ, аз ҷумла раҳбари кишвар Аун Сан Суҷӣ дар таърихи 1-уми феврал, назорат бар кишварро низомиён ба ӯҳда гирифтаанд, вале мардуми зиёде беш аз як ҳафта аст, ки эътироз мекунанд. Дар шаҳри серҷамъияти Янгон гурӯҳи хурди эътирозгарон дида мешаванд. Сабабаш эҳтимолан дар он аст, ки дастрасӣ ба интернет қатъ шуда, мошинҳои низомӣ вазъро назорат мекунанд.

Дар интихоботи моҳи ноябри порсол ҳизби Аун Сан Суҷӣ баранда шуд, вале низомиён иддао карданд, ки интихобот тақаллуб шудааст. Додгоҳ амр кард, ки Сан Суҷӣ то 17-уми феврал дар боздошт мемонад. Ӯро дар ғайриқонунӣ берун бурдани шаш ратсия ё дастгоҳи радиоӣ гунаҳгор мекунанд.

XS
SM
MD
LG