Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол", "Равшан" ва "Хатлон" пешакӣ ба нимфинали Ҷоми ФФТ-2021 роҳ ёфтанд


Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври дувуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки рӯзи 13-уми феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд, се даста пешакӣ ба даври ниманиҳои мусобиқа роҳ пайдо кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 ҳафт дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - ширкат дорад.

Дар даври дувуми марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар гурӯҳи “А” «Истиқлол»-и Душанбе бар «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард. Салам Ашурмамадов се гол, Рустам Соиров ду гол ва Ромиш Ҷалилов як гол заданд. Як голи дастаи “Мастчоҳ”-ро Дилшодбек Рустамзода дар дақиқаи охирини бозӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Равшан»-и Кӯлоб дастаи ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ду голи «Равшан»-ро Аваз Қамчинов ва як голи низомиёнро Феликс Тиетзе заданд.

Дар гурӯҳи “Б” Хатлон»-и Бохтар бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Тӯбро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 86-ум ба самар расонид.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии ду даври мусобиқа се даста пешакӣ ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021 роҳ ёфтанд. «Истиқлол» ва «Равшан», ки шашимтиёзӣ гирифтаанд, як давр пеш аз анҷоми сабқати гурӯҳӣ ба 1/2 финали мусобиқа баромаданд. «Хатлон»-и Бохтар, ки бо шаш имтиёз ғолиби гурӯҳи «Б» шуд, ба нимфинал роҳ ёфт.

Дар бозии даври севуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имрӯз, 15-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад, дастаи чоруми ширкаткунандаи даври ниманиҳоӣ маълум хоҳад шуд. Барои ба нимфинал баромадан «Регар-ТадАЗ»-ро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад, вале ба «Барқчӣ» танҳо пирӯзӣ зарур аст.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 барои бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Истиқлол» – «Мастчоҳ» – 6:1

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 17 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 25 (2:0). Салам Ашурмамадов, 27 (3:0). Салам Ашурмамадов, 31 (4:0). Рустам Соиров, 44 (5:0). Рустам Соиров, 69 (6:0). Дилшодбек Рустамзода, 90 (6:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Салам Ашурмамадов («Истиқлол»).

ССКА – «Равшан» – 1:2

Голҳо: Аваз Қамчинов, 19 (0:1). Феликс Тиетзе, 39 (1:1). Аваз Қамчинов, 58 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Аваз Қамчинов («Равшан»).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

8-1

6

2

«Равшан» (Кӯлоб)

2

2

0

0

7-3

6

3

ССКА (Душанбе)

2

0

0

2

1-4

0

4

«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)

2

0

0

2

3-11

0

Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:1

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 86.

Беҳтарин бозигари дидор: Равшан Азизов («Хатлон»).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

2

2

0

0

6-0

6

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

0

1

0-1

0

3

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

0

1

0-5

0

Даври 3-юм

15-уми феврал (душанбе)

Гурӯҳи «А»

10:30 – «Мастчоҳ» – ССКА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»

10:30 – «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG