Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, ҷинояти 26-соли пешро ошкор кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, муфаттишон қотили як зани тоҷикро маълум кардаанд, ки 26 сол пеш ва дар замони ҷанги дохилӣ бо зарби тири автомат кушта шудааст.

Вазорат рӯзи 13-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, маъмурони милиса ҳангоми тафтиш маълум карданд, як сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат, ки дар боздошт аст, қотили зани 59-солаи ҷамоати деҳоти Ромит будааст.

Дар баёнияи вазорат омадааст, ки фарди боздоштшуда: “12-уми октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 59-сола аз ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур даромада, бо истифода аз автомати Калашников ӯро ба қатл расонидааст."

Вазорат ному насаби муттаҳам ба ҷиноят ва қурбониро нагуфтааст. Маълум нест, муттаҳамро кай боздошт кардааанд, вале дар баёния омадааст, боздоштшуда узви гуруҳи мусаллаҳи Нозим Юнусов, яке аз фармондеҳони собиқи замони ҷанги дохилӣ маъруф бо номи Эшони Нозим будааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон солҳои пеш панҷ узви гуруҳи мусаллаҳи Эшони Нозимро, ки худаш ҳам кушта шудааст, ки ба қатли Муҳиддин Олимпур, яке аз аксбардорон ва хабарнигорони шинохтаи тоҷик гунаҳкор дониста ва ба зиндон маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG