Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори гуногуни Тоҷикистону Русия дар бораи муҳоҷирони корӣ. Тафовут аз куҷост?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро омори Русия ва Тоҷикистон дар бораи теъдоди муҳоҷирон аз ҳам фарқ дорад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия камтар аз ним миллион нафар мегӯянд, мақомоти Русия ин рақамро бештар аз 1 миллион медонанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират, рӯзи 11-уми феврал гуфт, сабаби ба миён омадани чунин фарқ ё тафовут дар он аст, ки Тоҷикистон танҳо худи муҳоҷирро ба ҳисоб мегирад, вале дар омори Русия аъзои оилаи муҳоҷирон низ ҳисоб мешавад.

Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират
Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират

“Мо муҳоҷири меҳнатӣ гуфта, нафареро дар назар дорем, ки қувваи корӣ аст ва барои кор меравад. Вале теъдоде, ки ҷониби Русия дар назар дорад, аъзои оилаи муҳоҷирон ва фарзандони ноболиғи онҳо низ вориданд. Яке аз мушкилот ва мавзӯи суҳбати мо дар Вазорати корҳои дохилии Русия ҳамоҳангсозии теъдод ва омори ягона миёни Тоҷикистон ва Русия дар самти баҳисобгирии шумораи мушаххаси муҳоҷирони меҳнатӣ буд,”-гуфт ӯ.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. То замони пандемия, муҳоҷирон аз Русия солона ба Тоҷикистон бештар аз ду миллиард доллар мефиристоданд, аммо ба иттилои раҳбарияти Бонки Миллӣ, имсол муҳоҷирон 6,3 дарсад камтар пул фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG