Александр Лукашенко, ки 11 феврал аз минбари Анҷумани беларусии мардумӣ сӯҳбат мекард, гуфт, тарҳи конститутсияи нави Беларус дар давоми сол омода мешавад. Раҳбари худкомаи Беларус гуфт, ки бовар дорад, кишвар бояд «ҷумҳурии президентӣ» боқӣ бимонад. «Ин кишвар бе Лукашенко мешавад – имрӯз не, фардо ё пасфардо. Ман як шахси қаҳрамон ҳам бошам, вақташ мерасад одамони дигар меоянд. Онҳо дарро мекӯбанд. Ман садояшонро мешунавам», гуфт Лукашенко.
Лукашенко пешниҳод кард, ки дар анҷуман тарҳи таҳрири Конститутсияи Беларус баррасӣ шавад, салоҳияти мақомҳои раҳбарикунанда тақсим ва нақши раҳбарони маҳалливу худидоракунӣ маълум гардад. Қаблан эътирозгарон гуфтанд, ки тарҳи конситутсия бояд бо ҷалби васеи аъзои ҷомеа, аз ҷумла мухолифон таҳияву баррасӣ шавад.
Анҷумане, ки бо ширкати 2700 вакили рӯ ба давлат дар рӯзҳои 11 ва 12-уми феврал баргузор мешавад, зоҳиран посухи Лукашенко ба эътирозҳои идомаёбандаи мухолифонаш мебошад. Интихоботи баҳсбарангези президентии августи порсол, ки дар он Лукашенкоро ғолиб эълон карданд, боиси эътирозҳои сартосариву бесобиқа дар Беларус шуд. То ҳол Лукашенко ҳеҷ гоҳ омода нашудааст бо мухолифон сӯҳбат карда, талаби онҳо барои истеъфоро бипазирад.
Лукашенко гуфт: «Шарти асосии аз қудрат рафтани ман ин аст, ки дар кишвар сулҳ, тартибот бошад, фаъолиятҳои эътирозӣ набошад, талоши чапаву роста кардани кишвар набошад ва назару ақидаҳо дар чаҳорчӯби қонун баён гардад. Ин аст шарти калидӣ. Шарти дуюм ин аст: агар чунин шуд, ки нафарони нодурусте, ки назарҳои мухталиф доранд, сари қудрат омаданд, дар конститутсия бояд моддаи дуюм ворид шавад, ки як мӯи сари шумо, тарафдорони ман нарезад».
Лукашенко иддао кард, ки тарафдори зиёд дорад. Рӯзи аввали анҷуман нахуствазири Беларус Роман Головченко гуфт, аксар вакилони маҷлис нафароне ҳастанд, ки сиёсати ҷории ҳукуматро пуштибонӣ мекунанд.
Александр Лукашенко «нирӯҳои хориҷӣ»-ро дар талоши бесубот кардани кишвар айбдор кард. Ӯ гуфт, ки вазъияти феълии Беларус бо марҳилаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шабоҳат дорад.
Дар изҳороте, ки сафорати ИМА дар Минск нашр кард, гуфта шуд, ки анҷуман, ки аз ҷониби режими Лукашенко барпо мешавад, наметавонад як минбари васеи мардумие бошад, ки мавқеи тамоми ҷомеаи Беларусро муаррифӣ бикунад. Бахши беларусии Радиои Озодӣ бо такя ба ин изҳорот менависад, ки анҷумани мазкур наметавонад барои ҳалли бӯҳрони кунунии сиёсӣ мусоидат кунад.
Анҷумани чоруми мардумӣ дар шароите барпо мешавад, ки беш аз ним сол аст дар Беларус мардум аз натиҷаҳои интихобот эътирозҳо барпо мекунанд. Эътирозгарон на Лукашенко, балки раҳбари мухолифон Светлана Тихановскаяро барандаи воқеии интихобот меноманд. Ӯ зери фишори мақомот маҷбур шуд кишварро тарк кунад. Бархе ҳампаймонҳояш ҳабс шуданд.
Талаби эътирозгарон истеъфои Лукашенко, озод шудани зиндониҳои сиёсӣ ва даъвати интихоботи нав мебошад. Рӯзи шурӯи ҷаласа кормандони сохторҳои қудратӣ ба ҳолати омодабош гирифта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, вебсайти TUT.BY мегӯяд, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳру манотиқи мухталифи кишвар намоишҳои эътирозии гурӯҳҳои парокандаи мухолифон идома ёфт.