Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон афзудааст


Хонаи пиронсолон дар Душанбе. Акс аз соли 2016
Хонаи пиронсолон дар Душанбе. Акс аз соли 2016

Дар Тоҷикистон шумори нафақахӯрон дар як соли охир беш аз 18 ҳазор нафар афзудааст. Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯзи 9-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, шумори умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли равон 729 385 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 163 нафар ё 2,6 фоиз бештар будааст.
Ӯ афзуд соли равон ба хотири пешгирӣ аз таъсири манфии пандемия ба вазъи некуаҳволии қишрҳои осебпазир дар кишвар ба афроди нодор, маъюбон ва ятимони кулл кумаки якдафъаина дар ҳаҷми 400 сомонӣ - ҳудуди 40 доллари амрикоӣ дода шуд. Ӯ гуфт, Оҷонсӣ аз хазинаи худ барои ин мақсад 107,1 миллион сомонӣ харҷ кардааст.
Коршиносон андозаи нафақа ва кумакҳои иҷтимоии давлатро барои қишри нодор дар шароити пандемия ночиз медоднанд ва мегӯянд, аксар вақт мақомот нақши созмонҳои имдодрасонро дар ироаи кӯмак ба ниёзмандон пинҳон карда, танҳо идораи давлатиро иҷрокунандаи ин барномаҳо ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG