Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Дар ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон фурудгоҳ месозанд

Ноҳияи Сӯхи водии Фарғона.

Мақомоти вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 8 феврал хабар доданд, ки дар ҷазирақаламрави Сӯх сохтмони фурудгоҳ шуруъ шудааст.

Ба иттилои расмӣ, барои сохтмони фурудгоҳ 4,5 га замин ҷудо шудааст.

Барои сохтмони ин фурудгоҳ бештар аз 1,1 млн доллар ҷудо ва қарор аст, он моҳи майи имсол ба истифода дода шавад.

Рӯзи 31 майи соли 2020 миёни сокинони вилояти Бодканди Қирғизистон ва ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон ҷанҷол бархост. Ба иттилои расмӣ, сокинони ду кишвар натавонистанд, сари тақсими об ба ифоқа расанд ва ҷанҷоли лафзӣ ба занозанӣ печид.

Дар натиҷа 187 кас маҷруҳ шуд, ки 3 тани онҳо аз силоҳ ҷароҳат бардошта буданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳузури камназири Назарбоев дар байни мардум

10 январи соли 2021. Нурсултон Назарбоев баъди овоздиҳӣ дар интихобот бо матбуот сӯҳбат мекунад

Зимни ифтитоҳи масҷиди наве дар пойтахти Қазоқистон президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ҳам, ки муддатҳост дар мазҳари ом дида намешавад, дар ҳалқаи ёваронаш ҳозир шуд. Ҳузури Назарбоев дар масҷиди нав сеюмин ҳолати баъди хушунатҳои моҳи январ дар миёни мардум дида шудани раҳбари собиқи инак 82-солаи Қазоқистон мебошад.

Дар як суханронии мухтасараш Назарбоев дар бораи сохтмони ин муассиса чанд ҷумла гуфт. Назарбоев баъди раҳбарии сисола дар Қазоқистон соли 2019 ба истеъфо рафт ва ба ҷои худ Қосимжомарт Тоқаевро пешбарӣ кард. Он замон ӯ мақоми раҳбарии Шӯрои амният ва унвони “Элбосӣ” ё пешвори миллатро ҳифз кард.

Моҳи январи имсол бо сабаби якбора гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвари нафтхези Қазоқистон эътирозу ошӯб бархост, ки зуд дар аксар қаламравҳои кишвар паҳн шуд. Бисёриҳо маҳз норизоият аз сиёсати Назарбоевро далел оварданд.

Дар ин ҳодисаҳо, ба иттилои расмӣ, беш аз 200 нафар куштаву садҳо нафар ҳабс шуд. Дар авҷи ин ҳодисаҳо президент Тоқаев Назарбоевро аз мақоми раиси Шӯрои амният маҳрум кард ва ин мақомро худ ба ӯҳда гирифт. Чандин хешу наздикону шарикони Назарбоев аз мақомҳояшон барканор шуданд, баъзе бо иттиҳоми ришват ҳабс шуданд.

Моҳи июн дар паи референдуме, ки онро Тоқаев барпо кард, мақоми “Элбосӣ”-ии Назарбоев аз матни Конститутсияи кишвар ҳазф шуд.

Вале мунаққидон мегӯянд, ки бисёр ташаббусҳои Тоқаев сатҳӣ ва рӯякӣ буд ва табиати худкомаи низоми сиёсии Қазоқистон, ки инчунин олуда ба хешутаборбозию коррупсия аст, аз байн бурда нашуд.

Назарбоев масҷидеро боз кард, ки пеш аз истеъфояш санги асоси онро гузошта буд

Нурсултон Назарбоев.

Рӯзи 12-уми август дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон аз масҷиди навсохте парда пардоштанд, ки калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ унвон мешавад. Ин масҷидро Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ифтитоҳ бахшид.

"Масҷид дар майдони 10 га сохта шуда, баландии гумбазаш 83,2 ва қутри он 62 метрро ташкил медиҳад. Масҷид чаҳор манора дорад, ки баландии ҳар кадомаш 130 метрро ташкил медиҳад", - хабар доданд расонаҳои Қазоқистон. Масҷид дар як вақт ғунҷоиши бештар аз 30 ҳазор касро дорад.

Санги асоси ин масҷид моҳи марти соли 2019 - як рӯз пеш аз истеъфои Назарбоев аз мақоми президентӣ - гузошта шудааст.

Президенти пешини Қазоқистон дар маросими кушодашавӣ гуфт, масҷид аз ҳисоби "шаҳрвандони алоҳида ва сармоягузорон" сохта шудааст.

"Дар 30 соли истиқлолият, албатта, шаҳрвандони алоҳидаи мо ба чунин сатҳи дороӣ расиданд. Ва ман гуфтам: бояд сохтмони масҷидро дастгирӣ кард. Дороии давлат сарф нашудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони масҷид саҳм гузоштанд, сипос мегӯям", - гуфт Назарбоев.

Ин нахустин зуҳури Назарбоев дар чорабинии оммавӣ, бо ҳузури бархе аз мақомдорони амалкунандаи Қазоқистон, аз ибтидои соли ҷорӣ аст.

Баъди ҳодисаҳои моҳи январ мавқеи Назарбоев коста гардид: вай дигар раиси Шӯрои амният нест, наздикону пайвандонаш аз мақомҳои худ барканор шуданд, чанде аз аъзои хонаводааш бо айби ғорати дороии давлат ҳабс шудаанд.

Вакили мудофеъ: вазъи сиҳатии президенти пешини Қирғизистон бад шудааст

Алмосбек Отамбоев (аз рост), президенти пешини Қирғизистон

Вазъи сиҳатии Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон дар зиндон бад шудааст. Дар ин бора Замир Жоошев, вакили мудофеи вай хабар дод.

"Се рӯз пеш ман аз Хадамоти иҷрои ҷазо дархост карда будам, ки ба Отамбоев иҷозаи сафари табобатӣ ба Русияро диҳад. Ташхиси бемории Отамбоев дар Русия имконпарзир аст. Ҳамкори ман Отамбоевро дар зиндон дид, вазъаш хеле бад аст: хеле лоғар шудааст, фишораш ба 60/80 расидааст. Агар табобат нагирад, мумкин аст, оқибати нохуше сар занад", - гуфт Жоошев.

Отамбоев дар асоси чанд парванда гумонбар дониста мешавад. Дар доираи парванди озодсозии ғайриқонунии соҳибнуфузи ҷиноӣ аз зиндон Азиз Батукаев, Отамбоевро 11 сол зиндонӣ кардаанд.

Дипломатҳои тоҷик дар маркази "Сахарово" бо гурӯҳи муҳоҷирони боздоштшуда вохӯрданд

Tajik migrants on Sakharovo

Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шароити нигаҳдории муҳоҷирон дар Боздоштгоҳи мувақатии "Сахарово" шинос шуданд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як хабаре гуфт, ки як дипломати тоҷик рӯзи 10-уми август зимни боздид аз маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар деҳаи Сахаровои вилояти Маскав бо муҳоҷирони тоҷик дидору мулоқот кардааст.

Дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки дар ин марказ чӣ теъдод муҳоҷирон нигаҳдорӣ мешавад, аммо таъкид шудааст, ки масъули сафорат зимни боздид аз шароити муҳоҷирон бо муовини сардори боздоштгоҳи муваққатӣ Сергей Полежаев масъалаи интиқоли ҳарчи зудтари муҳоҷирон ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Дар маркази "Сахарово" маъмулан он гурӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо далели нақзи муқаррароти будубош ё қонунҳои маъмурӣ бояд ба ватан ихроҷ ё депортатсия шаванд. Ҳолатҳое, ки чунин қарорҳо ноодилона содир мешаванд, кам нест.

Дар хабари расмӣ ҷузъиёти дидору гуфтугӯҳои дипломатҳо ва муҳоҷирон нашр намешавад.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Бисёри муҳоҷирон аз боздоштҳои бесабабу шароити номуносиби нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳу марказҳои муваққатӣ шикоят мекунанд. Мақомоти тоҷикро ҳам борҳо барои таваҷҷуҳи зарурӣ накардан ба муҳоҷирон дар Русия танқид кардаанд.

Сабаби марги Фаридун Хайруллозода, раҳбари "Авторадио Тоҷикистон" нашр намешавад

Фаридун Хайруллозода 27 сол дошт. Акс аз саҳифаи Фейсбуки журналист

Шаби 11 ва 12-уми август дар Душанбе наттоқи шинохта Фаридун Хайруллозода фавтид. Сабаби маргаш маълум нест. Ба гуфтаи наздиконаш, шаби гузашта ӯ дар як чорабинӣ будааст. Ҷузъиёти марги ӯ феълан нашр намешавад.

Фаридун Хайруллозода 27 сол дошта, муассиси “Авторадио Тоҷикистон” буд. Фаъолияташро ҳанӯз аз наврасӣ дар телевизиони бачагонаи “Баҳористон” шурӯъ карда, баъдан дар телевизиони “Сафина” ва радиоҳои “Ватан”-у “Лаврадио” ҳам кор кардааст.

Солҳои ахир Фаридун Хайруллозода раҳбари кулли «Авторадио» буд ва бо роҳандозии тарҳҳои мухталифи тафреҳиву фарҳангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта мешуд. Фаридун Хайруллозода оиладор ва соҳиби як фарзанд аст.

Эълони хатсайри нав миёни Уфа ва Душанбе

Фурудгоҳи шаҳри Уфа, пойтахти Бошқирдистон

Миёни Уфа ва Душанбе як хатсайри нави мунтазам роҳандозӣ мешавад, ки онро як ширкати русӣ анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии Utair аз Оҷонсии федералии нақлиёти ҳавоӣ барои ташкили парвозҳои иловагии байналмилалӣ аз фурудгоҳи пойтахти Бошқирдистон аз ҷумла парвозҳо ба Тоҷикистон иҷоза гирифтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки мусофиркашонӣ дар ин масир кай оғоз мешавад. Қаблан Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоӣ муддати се моҳ парвозҳо аз Омск ба Хуҷанд ва Душанберо иҷозат дода буд.

Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир барои тоҷикистониҳо буда, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷумҳурии мусалмоннишини Бошқирдистон ҳам барои кору даромад мераванд

Пешбинии фаромадани сел дар ду рӯзи оянда

Маи соли 2021, сел дар Кӯлоб

Рӯзҳои 12 то 14-уми август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, омадани сел пешгӯӣ мешавад. Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар ин рӯзҳо бар асари ноустувории обуҳаво ва бо дарназардошти борони шадид дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳӣ эҳтимоли омадани селҳои хавфнок вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд. Аз ҷумла, аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишташон зарар расонанд. КҲФ ҳамчунин аз сокинон хостааст аз ҷамъоварии ҳезум, моҳигирӣ, чарогоҳ ва шикор дар мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Қатли Раҳимулло Ҳаққонӣ дар ҳамла ба мадрасааш дар Кобул

Раҳимулло Ҳаққонӣ аз таблиғгарони режими Толибон буд

Дар таркише дар Кобул рӯзи 11-уми август як рӯҳонии маъруфи мактаби Ҳанафӣ ва тарафдори Толибон кушта шуд. Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон гуфт, Раҳимулло Ҳаққонӣ дар “ҳамлаи душмани тарсу” ба мактаби динии ӯ кушта шуд.

Намояндагони ҳукумати Толибон аз ин зиёд шарҳе надоданд. Ба навиштаи бархе манбаъҳо, Ҳаққонӣ замоне кушта шуд, ки як маргталабе дар дохили мадрасаи Ҳаққонӣ бомбаро ба кор андохт. Сухангӯи полиси Кобул инчунин гуфт, ки дар ин ҳамла яке аз бародарони Ҳаққонӣ ҳам кушта шуда се нафари дигар маҷрӯҳ гардид.

Дар Телеграм-канали гурӯҳи ДОИШ иддао шудааст, ки ин ҳамла кори дасти ин гурӯҳ аст. Гурӯҳи иттилоотии SITE менависад, ки Ҳаққонӣ яке аз “тарафдорони маъруфи Толибон ва ҳам ташвиқкунандаи муҳими ин гурӯҳ ба ҷанг” буд.

Як манбаъ ба радиои “Афғонистони озод” гуфт, ки ҳамларо марди маъюбе анҷом дод ва дар баробари қатли Ҳаққонӣ шаш нафари дигар кам кушта шуд. Рейтерс мегӯяд, ки ҳамлагар марди якпое буд, ки маводи таркандаро дар протези пластикиаш пинҳон карда буд.

Ваъдаи 1,5 миллиард евро кӯмаки низомии ғарб ба Украина

Мортен Бодсков, вазири дифои Дания

Кишварҳои ғарбӣ дар як конфронси донорҳо ӯҳдадор шуданд, ки ба шакли пули нақд, таҷҳизот ва тамрин ба Украина дар ҷанг алайҳи Русия дар ҳаҷми 1,5 миллиард евро кӯмак мекунанд.

Мортен Бодсков, вазири дифои Дания ба журналистон гуфт, ки дар конфронси Копенҳаген, ки бо ширкати 26 вазири дифои Аврупо баргузор шуд, сари ироаи кӯмак ба Украина мувофиқа ҳосил шуд.

Ин пулҳо барои таъмини силоҳ, мушак, муҳимоти дигари низомӣ, афзоиши истеҳсоли силоҳ барои Украина, тамрини сарбозони украинӣ ва аз минаҳо поккорӣ кардани дигар минтақаҳои ин кишвар равона мешаванд.

Зеленский аз мақомоти украинӣ хост, ки ҷузъиёти нақшаҳои низомиро фош накунанд

Владимир Зеленский, президенти Украина. Акс аз сӯҳбатҳои видеоии рӯзи 11 август

Владимир Зеленский дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки шубҳаву гумонҳо дар бораи сабабҳои як силсила таркишҳо болои пойгоҳи ҳавоии Русия дар минтақаи ишғолшудаи Қрим боло мегирад. Дар паи ин таркишҳо дасти кам ҳашт ҳавопаймои ҷангии русӣ нобуд карда шуд ва ҳам русиягиҳои истироҳаткунанда дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳи нимҷазираи Қримро ҳаросон кард.

Бар асоси аксу наворҳои маҳвораӣ, дар фурудгоҳи ҳавоии Саки дар шаҳри ғарбии Новофедоровкаи Қрим харобиҳои зиёде мушоҳида мешавад. Русия тахмин кард, ки ин ҳодиса дар натиҷаи бепарвоӣ рух додааст. Вале мақомоти беноми украинӣ дар сӯҳбат бо нашрияҳои амрикоӣ гуфтанд, ки ин кори дасти нирӯҳои украинӣ буд.

Зеленский дар суханронии шабонгоҳиаш 11-уми август гуфт, “ҷанг ба ҳеҷ сурат фурсати ғурур ё изҳороти баланд нест”. Ӯ афзуд, “шумо ҳар қадар камтар дар бораи ҷузъиёти нақшаҳои дифоии мо сӯҳбат кунед, ҳамон қадар барои иҷро шудани ин нақшаҳо кӯмак мешавад”. Зеленский дар идома гуфт, “агар шумо бихоҳед, ки хабарсоз шавед, гапи дигар аст, вале ростӣ, ин бемасъулиятӣ аст”. “Агар шумо хоҳони пирӯзии Украина ҳастед, чизи дигар аст ва шумо бояд дар бораи масъулият барои ҳар як калимае андешед, ки дар бораи нақшаҳои ҳукумат дар самти дифоъ ё муқовимат хабар медиҳад”.

Дар як навиштааш дар Фейсбук Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт, ки хадамоти амният ҳоло хабарро таҳқиқ мекунад, ки оё ба матбуот дар бораи таркишҳо кӣ метавонист хабар диҳад. Ӯ гуфт, ки “берун рафтани хабар дар бораи нақшаҳои қувваҳои мусаллаҳои Украина барои душман дастак мешавад, то ки хабарро ба муқобили мо истифода кунад”.

Дар таҳаввулоти дигар Туркия гуфт, ки рӯзи 11 август аз соҳилҳои украинии Баҳри Сиёҳ ду киштии дигаре ҳаракат кард ва то ҳол бар асоси созише, ки таҳти сарпарастии СММ ҳосил шудааст, 14 киштӣ бо ғаллаву дигар маҳсулоти кишоварзии украинӣ аз ин кишвар берун шуд.

Созиши содироти ғаллаву донагӣ аз Украинаи дар ҳоли ҷанг рӯзи 22 июл дар Туркия имзо шуд. Ин қарор барои содироти 22 миллион тонна ҷувориву ғаллаи истеҳсоли Украина роҳ кушод. Украина истеҳсолкунандаи азими ғалладонаву ҷуворимакка аст ва ҳуҷуми беасоси Русия ба ин кишвар дар моҳи феврали имсол боиси эҷоди бӯҳрони ғизо дар сайёра шуд.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми "ҳамла" ба пулиси Маскав зиндонӣ шуданд

Пулиси Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамла ба пулиси Маскав ба мӯҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, бародарон, Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола, рӯзи 17-уми феврали имсол дар истгоҳи метрои "Тулская" ба кормандони пулис дарафтоданд.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти додситонии Маскав хабар додааст, ки Умари Расулҷонзода ва Саидакрам Ҳамроевро тибқи моддаи 318 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия, яъне, (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи мақомот, ки барои ҳаёташ хатарнок нест), гунаҳкор дониста шудаанд.

Гуфта мешавад, ки додгоҳ Умари Расулҷонзодаро ба 3 солу 6 моҳ ва Саидакрам Ҳамроевро ба 2 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум кардааст.

Назари пайвандони ин ҷавонони тоҷик ба ин ҳукми додгоҳ дастрас нест ва ҳамчунин маълум нест онҳо бозбинии ҳукмро талаб мекунанд ё не.

Дар гузашта падари онҳо ба Радиои Озодӣ гуфта буд, муноқиша пас аз он бархостааст, ки маъмурони пулис талош кардаанд, дасти шикастаи Саидакрамро тоб диҳанд ва ӯ тоқат накарда сахт дод задааст.

Қазияи ду бародар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс эҷод кард. Бисёриҳо пулиси Русияро барои рафтори бераҳмона нисбати муҳоҷирон танқид карданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран навиштанд, ки кормандони пулиси Маскав бо муҳоҷирон рафтори дурушт мекунанд ва ё ба торҳои асабашон нохун мезананд.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқ пайваста аз рафтори нохуби кормандони пулис шикоят доранд. Мақомоти Русия дар навбати худ муҳоҷиронро ба поймол кардани қоидаҳои будубош ва ҷинояткорӣ муттаҳам мекунанд.

Иштироки ҳашт варзишгари тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо дар Қазоқистон

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози ҷудои Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибоев, тоҷири машҳури қазоқ, ки рӯзҳои 13-14-уми август дар шаҳри Оқтов баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ин мусобиқа ҳашт гуштигири ҷавон сафарбар шудааст: Акбаралӣ Кенҷаев (-60 кг), Аҳмадҷон Аюбов, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 66 кило), Наврӯз Каримзод, Маҳмудҷон Раҳимов (ҳарду дар вазни то 73 кило), Ҳайдар Саидкабирзода (-81 кг), Кароматулло Ҳакимов (-90 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-100 кг).

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 197 ҷудокор (135 мард ва 62 зан) аз шаш кишвари Осиё (Қазоқистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳонконг, Чин,) сурат мегирад.

Мусобиқаи мазкур рейтингӣ мебошад. Барои мақоми аввал - 100 имтиёз, дуюм – 70 ва сеюм - 50 имтиёз дода мешавад.

Барномаи мусобиқа:

13-уми августанбе)


10:00. Марҳилаи муқаддамотӣ
16:30. Марҳилаи ниҳоӣ
Занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг;
Мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг;

14-уми августкшанбе)

10:00. Марҳилаи муқаддамотӣ
17:00. Марҳилаи ниҳоӣ

Занон: -70 кг, -78 кг, +78 кг;
Мардон: -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг;

Замони оғози рақобатҳо – бо вақти Душанбе

Навалний аз таъсиси эътилофи коргарон дар зиндон хабар дод

Алексей Навалний.

Алексей Навалний, мухолифи зиндонии Русия аз таъсиси иттифоқи касабаи зиндониён ва кормандони Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо хабар дод, ки дар маҳбасҳо кор мекунанд. Дар ин бора вай, ки дар маҳбаси №6 дар вилояти Владимири Русия адои ҷазо мекунад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Ба гуфтаи Навалний, вай дар бораи таъсиси иттифоқи касаба бо номи "Промзона" сардори маҳбас ва мудири Хадамоти федеролии иҷрои ҷазоро огоҳ кардааст. Навалний менависад, ҳарчанд аз ин иқдом маҳбусон "тарсиданд" ва "маъмурияти маҳбас бештар аз маҳбусон тарсидаанд".

Маҳбусон аз Навалний даъват кардаанд, ки фаъолияти сиёсиашро қатъ кунад, зеро мумкин аст, ба ин баҳона маҳбусонро "ҳаргиз озод накунанд". Ба ҳамин далел, Навалний эътироф мекунад, ки "дар иттифоқи касаба ба ҷуз худи вай каси дигар узв нест". Сиёсатмадор ҳамчунин тасдиқ мекунад, ки "барои ин кор дар зиндон мумкин аст, одамро кушанд".

"Ҳоло нисбати ман комисияи махсус ҳамарӯза огоҳӣ содир мекунад. Ба зами ин маро расман "ҳушдор" доданд, ки ман ба содир кардани ҷиноят омода мешавам", - навишт мухолифи зиндонии ҳукумати Русия.

Бо ин вуҷуд Навалний навишт, ки иттифоқи касаба нахустин пирӯзиашро ба даст овардааст: бо талаби иттифоқ ва кӯмаки ҳуқуқшиносони сиёсатмадор маъмурияти маҳбас курсиҳои бахши дузандагии маҳбасро иваз кардааст.

Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, соли 2021 дар Маскав, пас аз бозгашташ аз Олмон, ки дар он ҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карда шуд. Вай Путинро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Кремл ин иддаоро борҳо рад намудааст.

Мақомоти Русия соли 2021 сохтор ва тарҳҳои марбут ба сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро тундгаро эълон карданд. Додгоҳ рӯзи 23-юми марти имсол ӯро ба гуноҳи қаллобӣ ва таҳқири додрас ба 9 сол ҳабс маҳкум кард.

Бо сармояи Туркманистон дар Узбекистон 174 корхона сохта шудааст

Як корхонаи саноатӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Нашрияи давлатии "Туркменпротал"-и Туркманистон хабар дод, ки бо сармояи ин кишвар дар Узбекистон 174 корхона сохта шудааст.

Шакли моликияти корхонаҳо ва ҳаҷми сармоя хабар дода намешавад.

Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, дар маҷмуъ дар он кишвар 1700 корхонаи муштараке фаъолият дорад, ки бо сармояи кишварҳои ҳамсоя сохта шудааст.

Дар соли 2021 ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Узбекистон бо Туркманистон 902 млн долларро ташкил додааст, ки нисбати соли 2020 67,6% бештар арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки чанд ширкат дар Туркманистон бо сармояи Узбекистон сохта шудааст.

Як шаҳрванди Қазоқистонро барои навиштани ҳарфи Z ҳабс карданд

Додгоҳи шаҳри Сарани вилояти Қарағандаи Қазоқистон сокини маҳаллиро барои навиштани ҳарфи Z рӯи танки ёдгорӣ 7 шабонарӯз ҳабс кард.

Додгоҳ ӯро дар майдаавбошӣ айбдор донист. Шахсияти ҳабсшуда ошкор намешавад, аз вай танҳо марди 54-сола ном мебаранд. Вай дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор ва изҳори пушаймонӣ кардааст.

Ҳарфи Z рамзи ғайрирасмии ҳамлаи Русия ба Украина ба ҳисоб меравад. Ин ҳарфҳо борҳо дар иқдомҳое истифода кардаанд, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷанги Русия зидди Украина ташкил шудааст. Рамзи мазкурро ҳамчунин пушти дари касоне навиштаанд, ки зидди ҷанги Русия дар Украина ҳастанд.

Қазоқистон расман ба намоиш гузоштани ҳарфи Z-ро, ҳамчун рамзи ҳимоят аз ҳамлаи Русия ба ҳудуди Украина, манъ накардааст. Вале соҳибони мошинҳоеро, ки дар шишаҳои пушташон ҳарфи Z навишта буданд, дар гузашта дар Қазоқистон дар асоси кодекси маъмурӣ ҷарима бастанд.

Русия иҷоза надод. Манижа ба Тоҷикистон меояд

Манижаи Сангин, сарояндаи тоҷиктабори Русия

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки соли гузашта Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ карда буд, бори аввал дар Душанбе консерт додан мехоҳад.

Ӯ дар ин бора дар саҳифаи расмии худ хабар додааст.

Қарор аст, консерти Манижа, рӯзи 9-уми октябр дар пойтахти кишвар баргузор шавад. Ин барномаи ӯ, дар доираи як сафари ҳунарияш ба 6 кишвар доир мешавад. Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, аз моҳи сентябр ба сафари ҳунарӣ мебарояд ва дар Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ҳам консерт барпо мекунад.

Ин барномаашро Манижа “Сафари бекорнашаванда” номидааст. Манижа дар саҳифааш гуфтааст мусиқиро манъ кардан номумкин аст.

Ин овозхони тоҷикбтабори шаҳрванди Русия моҳҳои ахир мисли аксар дигар ҳунармандони рус барои мухолифат ба ҷанги Украина дар феҳрасти сарояндаҳои “номатлуб” ҷой гирифта, ташкили консерту ширкаташ дар чанд озмуни мусиқӣ дар ин кившар манъ шуд. Мақомоти Русия консерти ӯро, ки қарор буд, моҳи июл дар Маскав баргузор шавад манъ карданд, аммо ин овозхонро манъ накард ва ӯ барои мухлисонаш дар Ютюб консерти онлание бо номи “Мусиқии лағвнашаванда” ташкил кард.

Даромад аз ин консерти ӯ ба бунёди овозхон равона мешавад. Бунёди ӯ "Силсила" ном дорад ва ҳадафаш кӯмак ба қурбониёни хушунат дар миёни муҳоҷирону паноҳандаҳо аст.

Душанберо шаҳри арзон барои зиндагии хориҷиён донистанд

Як хиёбони шаҳри Душанбе

Бар асоси пажӯҳиши нави "Cost of Living Survey", ки аз сӯи ширкати байналмилалии машваратии "Mercer", омода шудааст, Душанбе ҳам ба феҳрасти кишварҳое дохил шудааст, ки зиндагӣ барои хориҷиҳо дар онҳо арзон аст.

Назарпурсӣ бо назардошти қурби асъор, нархи молҳои асосии истеъмолӣ, хидматрасонӣ, сатҳи таваррум ва пули иҷора миёни мутахассисоне анҷом шудааст, ки дар кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд.

Ду шаҳри Туркия, Анқара ва Истанбул, дар садри даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки барои кору зиндагии коргарони хориҷӣ арзон аст.

Дар ин пажӯҳиш вазъ дар миёни 227 кишвар таҳқиқ шудааст.

Зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон, Душанбе ва Бишкеки Қирғизистон ҳам барои хориҷиҳо арзон будааст. Ба ин феҳраст ҳамчунин ду шаҳри Покистон, шаҳрҳои Қазоқистону Узбекистон ҳам ворид шудааст.

Иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "King’s Cup 2022" дар Тайланд

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» («Ҷоми шоҳ-2022») дар шаҳри Чиангмайи Тайланд иштирок хоҳад кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2022», ки аз 20-ум то 26-уми сентябри имсол доир мегардад, тимҳои миллии Тайланд, Малайзия, инчунин Тринидад ва Тобаго ширкат меварзанд.

Бар асоси дастури мусобиқа, 22-юми сентябр бозиҳои 1/2 финал баргузор мешаванд. Ғолибони нимфинал 25-уми сентябр дар финал рақобат мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза хоҳанд бурд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон бо касби 7 имтиёз ғолиб гардид ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Зимнан, тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин баргузор мешуд, вале ин кишвар аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар куҷо баргузор шудани марҳилаи ниҳоииҶоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми октябри имсол дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) маълум хоҳад шуд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор гирифтанд, роҳ пайдо карданд: Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Индонезия.

Бояд гуфт, ки қаблан тимҳои миллии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд.

Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки тобистони соли оянда баргузор мешавад, 24 дастаи беҳтарини қора ширкат хоҳад кард.

Додгоҳи Қирғизистон қарори ихроҷи донишҷӯи тоҷикистониро содир кард

Додгоҳе дар Қирғизистон қарор содир кард, ки Исмоилхон Усмонов, донишҷӯ тоҷикистонӣ ба далели убури ғайриқонунии марз аз он кишвар ихроҷ шавад.

Сомонаи "Сводка" (АКИpress) менависад, бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 5-уми август Исмоилхон Усмонов, донишҷӯи 24-сола аз Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон гунаҳгор дониста шуд. Расонаҳо менависанд, Усмонов донишҷӯи риштаи дандонпизишкии факултаи тиббии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин аст.

Бо сабаби эълони пандемияву таҳсили фосилавӣ ӯ рӯзи 7-уми апрели соли 2021 ба Тоҷикистон рафт. Охири он моҳ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон низои мусаллаҳона рух дод ва ҳукумати Қирғизистон ба таври якҷониба марзашро баст.

Сентябри он сол дар донишгоҳ таҳсили ҳузурӣ барқарор шуд ва донишҷӯёнро ба идомаи хониш ба Бишкек даъват карданд, вале бо сабаби баста будани марз, донишҷӯи тоҷик натавонистааст аз сарҳад гузарад.

"Сводка" бо такя ба парвандаи додгоҳӣ мегӯяд, ки ин донишҷӯи соли охири донишгоҳ бо мақсади идомаи таҳсилу супурдани имтиҳонҳо дар шароити баста будани марз моҳи январи соли 2022 "ғайриқонунӣ" вориди Қирғизистон шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳолатҳоро эътироф карда гуфтааст, ки "ба хотири хатми донишгоҳ маҷбур шуд ба ин кор равад".

Додгоҳ дар қарори рӯзи 5-уми августаш шаҳрванди Тоҷикистонро барои “убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон” айбдор ва ӯро ба пардохти 80 ҳазор сом (963 доллар) вазифадор кард. Бо қарори додгоҳ, баъди пардохти ҷарима ин шаҳрванд бояд ба ватан ихроҷ шавад. Вале маълум нест, ки акнун таҳсили ин ҷавон дар донишгоҳ чӣ мешавад ва то куҷо ӯ метавонад бозбинии ҳукмро талаб кунад.

Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо ҳам беш аз 900 км марз доранду беш аз нисфаш ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, охири апрели соли 2021 шоҳиди муноқишаи пурхушунати мусаллаҳона гардид, ки дар натиҷаи он аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар рӯй додани ин муноқиша айбдор карданд. Баъди ин робитаҳои сиёсиву иҷтимоии ду ҳамсоя якбора бад шуд.

Баъди ним соли баста шудани сарҳади Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр Бишкек гуфт, ки нуқтаҳои мушаххаси марзӣ барои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёну омӯзгорон боз мешавад.

Вале мақомоти вазорати маориф ва вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷикистонии муассисаҳои олии Қирғизистон машварат доданд, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ кунанд, чун ҳолатҳои монеагузории сунъӣ ба таҳсилу ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ҷой дорад.

Ба маълумоти вазорати маорифи Тоҷикистон, соли таҳсили 2020-2021 дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Бишкек, Ботканд ва Ӯши Қирғизистон 1932 донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекарданд. Маълум нест чӣ миқдори ин донишҷӯҳо тавонистанд ба таҳсили худ идома диҳанд.

Дар соли хониши 2020-2021 дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин 79 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекард. Ба иттилои ин муассисаи олӣ, дар маҷмӯъ, ин донишгоҳро "500 мутахассиси соҳаҳои гуногун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон" хатм кардаанд.

Дар Хатлон як марди 80-сола ба "бадахлоқӣ ва дастдарозӣ" айбдор шуд

Марди 80-соларо бо гумони "бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба занон" боздошт кардаанд.

Дар ноҳияи Қубодиён як марди 80-соларо бо гумони "бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба занон" боздошт кардаанд.

Биноба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, сокини як деҳа дар Қубодиён худро ба мардум муллои ҷинбарор муаррифӣ карда, ба кирдорҳои шармовар даст мезадааст.

Мавқеи ин мард ва наздикони ӯ маълум нест, вале дар гузашта наздикони афроде, ки бо чунин айб боздошт шуда буданд, онро тӯҳмат номида буданд. Мақомоти тоҷик чанд сол боз аз тариқи телевизион аз боздошти афроде бо муаррифии "мулло" ё "ҷодугар", бо ҷурми бадахлоқӣ, намоиш медиҳанд. Коршинсон инро як маъракаи бадномсозии рӯҳониён дар ҷоема ва коҳиши нуфузи онҳо медонанд.

Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ки марди 80-сола дар пайи шикояти як зани сокини ноҳияи Носири Хусрав боздошт шудааст. Зан гуфтааст, пирамард нисбати ӯ ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом дод.

Ба иттилои мақомоти интизомӣ, мард бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи даво бахшидан занонро ба худ ҷалб ва ба онҳо пешниҳоди ҳамхобагӣ мекардааст. Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ин марди 80 сола нашр кардааст, ӯ мегӯяд, кораш нодуруст буд.

Нисбати ӯ барои иҷрои “ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ” бо модаи 142, қисми 1, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вазорати корҳои дохилӣ пайваста бо нашри навор аз ошкор шудани ҷинояти аз сӯйи муллоқои ба қавли ин ниҳод “шаҳватпараст” хабар медиҳад. Муннақидоини ҳукумат мегӯянд, чунин наворҳо барои бадном кардани мухолифин низ истифода мешавад.

Раҳбари ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон ба дабири кулли СММ нома навишт

Соли 2015 ин Ҳизб дар Тоҷикистон мамнӯъ дониста шуд.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати исломӣ аз Созмони Миллали Мутаҳид хостааст, дар масъалаи созмони террористӣ шинохтани он аз тарафи Русия дахолати бевосита кунад.

Рӯзи 11-уми август дар як муроҷиатномаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, ба Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ, хоҳиш кардааст, ки аз федератсияи Русия талаб кунад, то аз қабули чунин қарори мухолиф ба рӯҳияи созишномаи “Сулҳи тоҷикон” худдорӣ кунад.

Дар ин нома зикр шудааст, ки Созмони Миллал гурӯҳи кории махсусро барои баррасии ҷараёни иҷроиши созишномаи “Сулҳи тоҷикон” ва натиҷаҳои он таъсис диҳад.

Дар идомаи он гуфта мешавад, ки амалӣ шудани ин дархости Тоҷикистон, яъне созмони террористӣ эътироф кардани ҲНИТ, метавонад оқибатҳои нохуш барои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорони мухолифини тоҷик, на танҳо дар Русия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ дошта бошад.

Ҳанӯз Созмони миллали мутаҳид ба ин муроҷиати Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ вокуниш накардааст.

Аз ин пеш, Игор Краснов, додситони кулли Русия, рӯзи 26-уми июли соли равон дар Душанбе ва дар мулоқот бо президент Раҳмон гуфтааст, "додситони кулли Тоҷикистонро дар бораи баррасии дархосташ барои террористӣ эътироф кардани баъзе созмонҳо дар Русия хабардор мекунам."

Вай афзудааст, "мо аллакай алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурдем." Сомонаи расмии Додситонии кулли Русия навишт, Краснов бо даъвати ҳамтои тоҷикистонияш, Юсуф Раҳмон, ба Душанбе рафт.

Бо вуҷуди дархостҳои Тоҷикистон дар ҳафт соли гузашта кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Русия, дар мавриди ҲНИТ тасмиме нагирифта буданд.

Даргириҳои сахт дар шаҳраки Пескии Украина

Шаҳри Пески, Украина.

Дар шаҳраки Пескии Украина, воқеъ дар даҳ километрии шаҳри Донетск бархӯрдҳои шадид идома доранд. 11-уми август ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки Пески зери назорати онҳо аст ва дар баъзе маҳаллаҳои шаҳрак муқовимати сарбозони украинӣ ханӯз ҳам мушоҳида мешавад.

Аммо низомиёни Украина ин иддаоро рад карда ва гуфтанд, ки ин шаҳрак таҳти тасарруфи онҳо қарор дорад. Мушовири президенти Украина Олексий Арестович иброз доштааст, ки ҳамлаи ҷудоихоҳон ба ақиб зада шуд ва Пески зери назорати нерӯҳои украинӣ аст.

Назари манбаъҳои мустақил дар бораи таҳаввулоти ахири Пески дастрас нест.

Дар Фарғонаи Узбекистон коргари корхонае,ки худро оташ зада буд, фавтид

Фарғона, Узбекистон.

Субҳи 10 август Санобархон Ҳайдароваи 47-сола дар беморхона фавтид, ки дар корхонаи коркарди нафти Фарғонаи Узбекистон кор мекард. Вай рӯзи 2 август худро оташ зада буд. Зан ба нишони эътироз аз сабукдушшавиаш худро оташ зада буд. Додситонии шаҳри Фарғонаи Узбекистон таҳқиқро шуруъ кардааст.

Пештар аз ин дар корхонаи коркарди нафт гуфтанд, Санобархон Ҳайдароваро аз кор ҷавоб надода буданд, балки вай рухсатномаашро бо худ наоварда буд ва ба ин далел, ба коргоҳ роҳ наёфт. Ба иттилои корхона, зан ба далели низои хонаводагӣ худро оташ задааст.

Хешовандони зан дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, муҳофизи коргоҳ Ҳайдароваро иҷборан аз корхона берун кардааст.

Ин зан чаҳор духтар дошт, ки хурдиашон дар синфи 9 таҳсил ва се духтари дигараш шавҳар кардаанд.

Коргарони корхонаи коркарди нафти Фарғона ба таври мудовим аз маоши кам ва сабукдушсозиҳо шикоят мекунанд. Солҳои пеш дар ин корхона чанд маротиба корпартоиҳо сурат гирифта буд.

Русия қисме аз низомиҳои захиравиашро ба марзи Украина интиқол медиҳад

T

Рӯзи 9-уми август қисме аз сарбозони эҳтиётиеро дар Русия барои "омодагии низомӣ" ба марзи Украина интиқол додаанд, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград истиқомат мекунанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқ ва сарбозони эҳтиётӣ хабар доданд.

"Мегӯянд, мо техникаҳоро таъмир мекунем", - гуфтааст яке аз сарбозони эҳтиётӣ дар суҳбат бо нашрияи "Вёрстка".

Ҳомиёни ҳуқуқ хабар доданд, ки 10 тан аз сарбозони эҳтиётӣ ба онҳо шикоят овардаанд. Сарбозони эҳтиётиро ба идораҳои низомӣ даъват ва маҷбур ба имзо гузоштан зери санаде кардаанд. Баъди ин, онҳоро ба вилояти Белгороди ҳаммарз бо Украина интиқол медиҳад.

"Шиносномаҳо, билети ҳарбиро мегиранд ва ба қисми низомӣ мефиристанд - аз он ҷо ба вилояти Белгород, тавре ба мо гуфтанд, барои таъмири техника ва ҷобаҷо кардани "снарядҳо". Сарбозони эҳтиётӣ синну соли гуногун доранд: 26, 30, 40-сола ҳастанд", - гуфтанд ҳомиёни ҳуқуқ.

Бино ба қонунгузории Русия, сарбозони эҳтиётӣ ҳақ доранд, ки дар омодагиҳои низомӣ ширкат накунанд.

Сокини Турсунзода барои ғорат кардани "Айфон 13 Промакс" боздошт шуд

Акс аз як мағозаи фурӯши "Айфон"

Орзӯи соҳиби телефони “Айфон - 13” шудан пойи як сокини шаҳри Турсунзодаро ба зиндон кашид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, марди 44-сола барои аз худ кардани телефони гаронарзиши "Айфон-13 Промакс" ба як зан ҳамла кардааст.

Ҳодиса рӯзи 5-уми август рух додааст. Мард соҳиби Айфонро латукӯб намуда, телефонашро ғорат кардааст. Ҳоло ӯ дар боздошт аст ва таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст. Зарари расонидаи ӯ 16 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Навъи нави “Айфон” ки нархаш барои аксарият дар Тоҷикистон дастнорас аст? дафъаҳои ахир сабабгори содир шудани ҷиноят мешавад. Мисли аксар кишварҳои дигари дунё дар Тоҷикистон ҳам бисёриҳо мехоҳанд соҳиби "Айфон 13" шаванд, аммо ба далели хеле гарон будани нархи он ин орзу барои аксарият дастнорас мемонад. Бархе ҳам барои иҷрои хоҳиши худ даст ба ҷиноят мезананд. Як рӯз қабл Вазорати корҳои дохилаи кишвар аз ғорати шудани "Айфон" дар як мағозаи Душанбе хабар дода буд. Дар ин ҳодиса як сокини Варзоб гумонбар аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG