Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати Толибон ба Туркманистон


Ҳайати Толибон бо раҳбарии мулло Абдулғанӣ Бародар дар Ашқобод омад бо муовини сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтугӯ мекунад
Ҳайати Толибон бо раҳбарии мулло Абдулғанӣ Бародар дар Ашқобод омад бо муовини сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтугӯ мекунад

Як ҳайати Толибон бо ҳадафи арзёбии масъалаи амнияти лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ба Туркманистон сафар карда, бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст. Туркманистон эълон кард, ки 6-уми феврал ҳайати Толибон зери раҳбарии мулло Абдулғанӣ Бародар ба Ашқобод омад. Дафтари Толибон дар Қатар изҳор намуд, ки ҳайати ин ҷунбиши исломӣ бо муовини сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов музокирот пеш бурд ва Толибон аз ин лоиҳаи инфрасохтории Туркманистон пуштибонӣ мекунад. Вокуниши ҳукумати Афғонистон ба ин хабар то ҳол дастрас нашудааст. Лӯлаи мазкур як ҳазору ҳаштсаду чордаҳ километр тӯл дошта, аз кони гази Галкинихи Туркманистон ба воситаи Ҳирот ва Қандаҳори Афғонистон ва Кветаву Мултани Покистон то шаҳри Фазилкаи Ҳиндустон хоҳад расид. Пешбинӣ мешавад, ки иҷрои ин лоиҳа наздик ба 10 миллиард доллар ҳазина хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG