Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия ва оқибатҳои он дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Озодӣ Онлайн

Оё медонед, ки соли гузашта тақрибан 64 ҳазор тоҷик, аз ҷумла муҳоҷирони зиёде шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Агар не хабараш дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграмм ва Фейсбук ҳаст ва ҷузъиёташ низ ҳаст, ки ба кӣ шаҳрвандӣ доданду ба кӣ не.

Маҳз ҳамин хабар садҳо нафарро дар саҳифаҳои мо ба баҳс кашид. Баъзе гуфтаанд, ки 64 ҳазор нафар, ки бештар аз аҳолии шаҳри Норак аст, кори дуруст кардаанд, ки шаҳрванди Русия шудаанд. Ба гуфтаи қисми дигар, кори чандон дурусте нест ва оқибатҳои пазируфтани шаҳрвандии Русия барои Тоҷикистон ҳам бад аст.

Корбаре бо номи Ал-Муслимин дар саҳифаи мо дар Инстаграм навиштааст, агар тамоюли мазкур идома кунад, як лашкари азими мардуми Тоҷикистон шаҳрванди Русия мешаванд. Шарҳаш чунин аст: “Ҳар сол 60 ҳазорӣ. Дар муддати 10 сол зиёда аз 600 ҳазор шаҳрвандии Русияро мегирифтаанд.”

Корбарони зиёдеро омори мазкур ҳайратзада кардааст, ки навиштаанд, бо чунин аҳвол кадом рӯзе Тоҷикистон холӣ мешавад. Шарҳи Шуҳрат Низомов, як корбари саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбукро мехонем: “Агар ҳамингуна рафтан бигирад, дар Тоҷикистон одам намемонад. Ҳама шаҳрванди Русия мешаванд.”

Баҳси талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Ба гуфтаи гуруҳи дигар агар Русия қоидаҳои қабули шаҳрвандиро соддатар кунад, шумораи тоҷиконе, ки ватанашонро монда дар гӯшаву канорҳои Русия зиндагӣ ихтиёр мекунанд, аз 64 ҳазор дар як сол ҳам мегузарад.

Назари Фазлиддин Наҷмуддинов корбари Фейсбукро мехонем: “Агар Русия масъалаи ҳаққи иқомат ва кӯчбандиро озод кунад, миллионҳо кормандони давлатӣ ва бекорон барои беҳбудии зиндагиашон мераванд.”

Сабаби майли зиёд ба гирифтани шаҳрвандии Русия ба гуфтаи корбарон, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии зиёд дар Тоҷикистон аз ҷумла бекорист. Ба назари корбаре бо номи Шариф Суҳроб, чун дар Тоҷикистон “на кор аст, на зиндагӣ барои ҳамин мардум ба Русия мераванд”.

Корбаре бо номи Қаноат Содиқова низ айни назарро дар саҳифаи мо дар Инстаграмм навиштааст: “Ба ман аз Тоҷикистон занг мезананд ва мегӯянд, ин қимат шуд, нерӯи барқ нест, чӣ кунем, намедонем, беҳтар аст, Русия меравем, илоҷе надорем, хӯрдану пушидану зиндагӣ кардан даркор аст.”

Теъдоди дигаре аз онҳое, ки хабари шаҳрвандӣ гирифтани тақрибан 64 ҳазор тоҷик дар Русияро хондаанд, гуфтаанд, ки ин раванди ғамангез аст, чун муҳтоҷиву ноилоҷии мардумро нишон медиҳад.

Шарҳи Макси 4591 аз Инстаграмм интихоб кардем, ки ба забони русӣ навиштааст: “Ҳама механданд, вале ин раванд, на хурсандибахш, балки ғамангез аст. Ҳеҷ касе шаҳрванди комили он кишваре намешавад, ки муҳоҷират кардааст. Ҳамаро фақат мӯҳтоҷӣ маҷбур мекунад, маҳз ҳамин муҳтоҷӣ аст, ки мардумро ба муҳоҷират мебарад, то ки дар ватани хеш аз гуруснагӣ намиранд.”

Ба ақидаи Анис 888, шаҳрвандии Русияро пазируфтани даҳҳо ҳазор аз зодагони Тоҷикистон аз пас рафтани давлат шаҳодат медиҳад. Ба навиштаи Мардонов7604, агар Русия қонуни душаҳрвандӣ бо Тоҷикистонро беэътибор кунад, он вақт аҳволи кишвар бад мешавад. Ӯ менависад: “Ин барои давлат тамоюли манфӣ аст, мисли он аст, ки фарзанди худро ба як каси дигар медиҳӣ. Агар ба ҳамин минвол идома кунад, Русия қонун мебарорад, шаҳрвандии яктарафа, онгоҳ ним аҳолӣ рус мешавад.”

Корбаре бо номи Шукрулло Муҳаммадӣ гуфтааст, аз Тоҷикистон рафтану дар Русия муқимӣ шудани даҳҳо ҳазор оқибатҳои манфии дарозмуддат барои кишваре дорад, ки тоҷикон ватани аслӣ мешуморанд. Ӯ чунин гуфтааст: “Дар гузашта, инсонҳои донишманди моро ба Аврупо бурданд. Ҳоло бубинед, Аврупо куҷову Осиё куҷо. Чаро фикри ояндаро намекунед, бояд инсонҳои донишмандро дар ватан ҳурмат ва дастгирӣ кард. Агар ҳамингуна рафтан бигирад, мо пеш рафта наметавонем.”

Шумо чӣ мегӯед, пазируфтани шаҳрвандии Русия кори дуруст ҳаст, ё не? Нависед ё дар видео сабт кунеду ба мо бифристед. Ба телефони +420 607 900 808

XS
SM
MD
LG